Дар Душанбе ҷаласаи Шурои илмӣ ва ҳамоҳангсозии Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид

Декабрь 27, 2023 17:30

ДУШАНБЕ, 27.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои илмӣ ва ҳамоҳангсозии Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба қабули магистрантон ва докторантон аз рӯйи ихтисоси (PhD) дар Осорхонаи миллӣ, вазъи омода намудани шиносномаҳои илмии фонди Осорхона, ҳисобот вобаста ба гардиши ашёи

Осорхонаи миллӣ ва мавриди баррасӣ қарор додани мавзую мундариҷаи мақолаҳои илмии пешниҳодшуда ба маҷаллаи илмии «Ахбори Осорхонаи миллӣ» баррасӣ шуданд.

Дар ҷаласа раиси Шуро- директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода, муовинон ва сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои муассиса ва дигар шахсони масъул аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда гузоришҳои муфассал пешниҳод намуданд.

Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби раиси Шурои илмӣ ва ҳамоҳангсозии муассиса ба аъзои Шуро ҷиҳати пешбурди фаъолияти пурсамари Осорхонаи миллӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Декабрь 27, 2023 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад