Дар Кӯшониён байни хизматчиёни ҳарбӣ мусобиқаҳо баргузор гардиданд
БОХТАР, 07.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Байни хизматчиёни ҳарбии гарнизони Бохтар дар ноҳияи Кӯшониён мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ оид ба волейбол, дав ба масофаи дур ва футбол барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Хатлон баргузор гардиданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».
Мусобиқаҳо бо мақсади татбиқи «Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2026» ва тарғиби тарзи ҳаёти солим гузаронида шуданд.
Мусобиқот бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ташкил шуданд.
Дар маросими тантанавии ифтитоҳи мусобиқаҳо ишора гардид, ки афсарону сарбозони тоҷик вазифаҳои худро бо ҳисси баланди касбият ва масъулият иҷро намуда, омода ҳастанд, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони давлатро таъмин намоянд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






