Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳайати рӯзноманигорони Тоҷикистон мулоқот доир шуд

Декабрь 12, 2023 16:00

ТЕҲРОН, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳайати рӯзноманигорони Тоҷикистон мулоқот доир гардид. Дар оғози мулоқот нахуст сурудҳои миллии ҳарду мамлакати дӯсту бародар садо доданд.  Дар ин хусус мухбирони АМИТ «Ховар» хабар медиҳанд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ мақсади ин ҳамоишро ҳамандешагӣ ва ҳамкорӣ байни намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ду давлати дӯст — Тоҷикистон ва Эрон унвон намуд.

Зимни мулоқот ҳамкорӣ байни ин мамлакатҳо бо иродаи сиёсии Сарварони ду давлат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон  муҳтарам Иброҳим Раисӣ  неку ояндадор маънидод гардид.

Имрӯз нақши ВАО дар таҳкими ҳамкории ду давлат хеле назаррас аст ва он баръало эҳсос мегардад.


Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 9 январи соли 1992 барқарор гардиданд. Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон 9 январи соли 1992 дар Душанбе ба фаъолият шуруъ намуд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон 18 июли соли 1995 ифтитоҳ гардид.

Байни ду давлат беш аз 180 созишномаю тафоҳумномаҳо ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд. Дар ҳамкории иқтисодӣ байни ду давлат Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Эрон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ  нақши муҳим дорад.

Дар интиҳои ҳамоиш барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардид, ки ба ҳозирин таассуроти баланд бахшид.

Пайрав НАЗАРОВ,
Файзалӣ ҚУРБОНЗОДА,
АМИТ «Ховар»  

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 12, 2023 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид