Дар шаҳри Бӯстон бо мақсади инъикоси саҳми Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ озмуни мақолаи беҳтарин эълон шуд

Декабрь 13, 2023 16:24

ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва роҳбарияти маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забони давлатӣ» дар мавзуи «Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони давлатӣ» байни се қишри ҷомеа аз ҳисоби сокинони шаҳри Бӯстон озмуни шаҳрии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин мақомот.

Дар озмун омӯзгорону мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ ва олӣ,  донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсил, хонандагони синфҳои 9-11-и Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ва муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда метавонанд.

Ғолибон бо асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дипломи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон қадршиносӣ мегарданд.

Мақолаҳо ба кабинети методии шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон пешниҳод мешаванд. Муҳлати охирини қабули мавод 20 декабри соли равон мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Декабрь 13, 2023 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд