«ДАРГОҲИ ҲУНАР ВА МАЪРИФАТ» ВА ТЕАТРҲОИ ХАЛҚӢ «ҶОНБАХШИ САТРҲО». Дар Душанбе озмунҳои ҷумҳуриявии муассисаҳои фарҳангӣ ҷамъбаст шуданд
ДУШАНБЕ, 16.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар бо иштироки роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти озмунҳои ҷумҳуриявии муассисаҳои фарҳангӣ таҳти унвонҳои «Даргоҳи ҳунар ва маърифат» ва театрҳои халқӣ «Ҷонбахши сатрҳо» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанг хабар медиҳад.
Дар бахши «Беҳтарин қасри фарҳанг»: ҷойи якум ба ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҷойи дуюм ба ноҳияи Шуғнон ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дода шуда, ҷойи сеюмро ноҳияи Сангвор, ноҳияи Ҷайҳун ва Бобоҷон Ғафуров сазовор гардиданд.
Ҳамзамон барои иштироки фаъолона дар озмун ба ноҳияҳои Зафаробод, Ванҷ, Айнӣ, Хуросон, Ҳисор, шаҳри Кӯлоб туҳфа тақдим гардид.
Дар бахши «Беҳтарин намоиши театри халқӣ» бошад ҷои якум ба ноҳияи Файзобод, ҷойи дуюм ноҳияҳои Ёвон, Ишкошим ва ҷои сеюмро шаҳрҳои Ваҳдат, Панҷакент ва ноҳияи Муъминобод гирифта, барои иштироки фаъолона ноҳияи Рӯшон, шаҳри Бохтар, ноҳияи
Деваштич ва шаҳри Турсунзода ғолиб дониста шуданд.
Дар бахши «Беҳтарин филармонияи мардумӣ»: ҷои якум ба шаҳри Конибодом, ҷойи дуюм ноҳияи Файзобод ва шаҳри Ҳисор, ҷойи сеюм Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ноҳияи Восеъ ва ноҳияи Мастчоҳ гирифта, барои иштироки фаъолона ноҳияи Кушониён ва Рӯдакӣ ғолиби озмун гардиданд.
Дар чорабинӣ иброз гардид, ки густариши фарҳанг ҳамчун омили муҳимтарини ташаккулдиҳандаи ахлоқию маънавӣ яке аз ҳадафҳои асосии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб шуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди фарҳанг, бунёд ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Гуфта шуд, ки баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии муассисаҳои фарҳангӣ таҳти унвонҳои «Даргоҳи ҳунар ва маърифат» ва театрҳои халқӣ «Ҷонбахши сатрҳо» бо фарогирии қасрҳои фарҳанг, театрҳои халқӣ ва филармонияҳои мардумӣ низ аз иқдомҳое мебошанд, ки дар рушду инкишофи бахшҳои фарҳангии кишвар нақши муҳиму созанда доранд.
Дар охири чорабинӣ ғолибон бо дипломҳои дараҷаи I, II, III ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ






