Фаъолияти Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба омоданамоии мутахассисони соҳаи дорусозӣ равона гардидааст

Декабрь 30, 2023 11:39

ДУШАНБЕ, 30.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, аз ҷумла дорусозон тадбирҳои ҷиддӣ меандешанд. Бо ин мақсад дар донишгоҳ Парки технологӣ фаъолият менамояд, ки дар он шаклҳои сахти дору, ба монанди хокадору, ғурушаҳои доруворӣ, маҷмаъгиёҳ ва гиёҳҳои алоҳидаи доруворӣ таҳия мешаванд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллӣ.

Дар Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз растаниҳои фаъоли биологӣ: барги газанда, алафи чойкаҳак, меваи настаран, барги мармарак, ки аз ташхиси озмоишгоҳӣ гузаштаанд, доруҳои гуногун омода мешаванд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон мамлакати кӯҳсор буда, дар табиати нотакрори он ҳазорон намуди гиёҳҳои шифобахш мавҷуд аст, ки дар саноати дорусозӣ васеъ истифода мешаванд. Барои боз ҳам рушд додани соҳа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста  рушди саноати дорусозиро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар соҳаи тандурустии мамлакат таъкид менамоянд.

«Бо мақсади рушди минбаъдаи саноати дорусозӣ ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зарур аст, ки якҷо бо дигар сохтору мақомот ва бо ҷалби сармояи мустақим таъсис додан ва ба кор андохтани корхонаҳои муосири истеҳсоли доруворӣ, коркарди васеи гиёҳҳои шифобахш ва аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ ва боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дорувориро таъмин намоянд», — таъкид гардид дар  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23 декабри соли 2022.


Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз соли 2010 фаъолият намуда, дар он донишҷӯёни факултетҳои тиббию фарматсевтӣ корҳои илмӣ-амалӣ ва таҷрибавӣ анҷом медиҳанд. Бо мақсади рушди илм ва истифодаи самараноки технологияи аълосифат барои қонеъ гардонидани талаботи истеҳсолот дар истифодаи технологияҳои навтарин ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва инвеститсионӣ дар Парки технологии донишгоҳ коргоҳи хурди истеҳсоли доруҳои гиёҳӣ фаъолият дорад.

Маҳсулоти истеҳсолшаванда дар асоси ашёи ватанӣ аз манбаъҳои табиӣ дастрас ва таҳия мешавад.

Дар баробари корҳои истеҳсолӣ дар ин коргоҳ донишҷӯёни факултети фарматсевтӣ машғулияти амалӣ-таҷрибавии худро дар шароити истеҳсолоти воқеӣ гузаронида, соҳиби малакаи касбӣ мегарданд. Ғайр аз ин, ҳар кори илмӣ-таҳқиқотие, аз тарафи донишҷӯён, унвонҷӯён ва дигар муҳаққиқони соҳаи дорусозӣ ба ҷо оварда мешавад, метавонад дар шароити коргоҳ меъёргузорӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ шуда, дар истеҳсолот ҷорӣ гардад.

Ҳамасола аз ҷониби Парки технологӣ бо мақсади баланд бардоштани фаъолияти илмиву инноватсионии хонандагони литсей, донишҷўён, унвонҷўён, аспирантон, докторантон ва ҳайати устодону профессорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, тақвият додани омодагии касбии онҳо бо назардошти талаботи бозор ва афзун намудани иқтидори донишгоҳ, инчунин ҷалб намудани ҷавонон ба ҳалли масоили рушди иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни  ихтироъкорони ҷавон гузаронида мешавад.

Ҳамзамон дар таҳхонаи бинои таълимии факултети геология озмоишгоҳи ороиши сангҳо бо дастгоҳҳои зарурӣ таҷҳизонида шудааст

Дар таҳхонаи бинои асосӣ маркази дорусозӣ бо коргоҳи истеҳсоли шаклҳои сахти дору  омодаи кор мебошад

Дар заминаи Парки технологӣ санҷиши антиплагиати корҳои хатми донишҷӯён ва магистрҳо амалӣ мешавад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Декабрь 30, 2023 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид