Федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ёддошти тафоҳуми ҳамкориро тамдид намуданд

Декабрь 25, 2023 14:28

ДУШАНБЕ, 25.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ муҳлати ёддошти тафоҳумро тамдид намуданд. Созишномаро ноиби якуми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо ва ноиби президенти Федератсияи футболи Арабистони Саудӣ Ламия Баҳаян имзо намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар чаҳорчӯби Ёддошти тафоҳуми имзошуда ноиби президенти Федератсияи футболи Арабистони Саудӣ Ламия Баҳаян хоҳиши густариши ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистонро намуда, ба дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол  дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар комёбиҳо таманно намуд.

Ноиби якуми президенти ФФТ Хуршед Мирзо ба Федератсияи футболи Арабистони Саудӣ барои истиқболи самимӣ миннатдорӣ баён намуда, изҳори умедворӣ намуд,  ки ҳамкории минбаъдаи судманд байни ду федератсияи миллӣ идома меёбад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ, ташкил ва баргузории бозиҳои байналмилалии дӯстона байни дастаҳои мардонаю занона, ҷавонон ва футзали ҳарду мамлакат ба мувофиқа расиданд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

Декабрь 25, 2023 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд