«IJSO-2023». Хонандаи тоҷик дар ин олимпиадаи байналмилалӣ сазовори ҷойи 3-юм шуд
ДУШАНБЕ, 12.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 10-и филиали Муассисаи таълимии хусусии «Литсей-интернати тоҷикӣ-русии Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Ҳисор Шаҳзода Раззоқова дар Олимпиадаи байналмилалии «IJSO-2023» сазовори ҷойи 3-юм гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Олимпиада аз 1 то 10 декабр дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Тайланд бо иштироки 55 давлати дунё доир шуда, дар он дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро 6 навраси то 15-сола муаррифӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки озмун дар се бахши фанҳои табиатшиносӣ — химия, биология ва физика доир гардида, дар он мураккабтарин саволу масъалаҳо пешниҳоди довталабон шуданд.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд






