Китобҳои дипломати тоҷик дар Тошканд муаррифӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 27.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Китобҳои нави Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода «Пайғоми дӯстӣ» ва «Дипломатия, фарҳанг ва сиёсат» дар ҳамоише, ки бо иштироки адибон, рӯзноманигорон ва зиёиёни тоҷики муқими Узбекистон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, муаррифӣ шуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад, ки китобҳои дипломати тоҷик «Пайғоми дӯстӣ» ва «Дипломатия, фарҳанг ва сиёсат» ба масъалаҳои равобити адабии халқҳои тоҷик ва узбек ва мавқеи дипломатияи фарҳангӣ дар шароити кунунӣ бахшида шудаанд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оид ба муҳтавои китобҳояш маълумот дода, нақши Сарварони ду давлат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёвро дар таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду халқи бародар муҳим арзёбӣ намуд.
Сипас, адиби шинохта, узви Иттифоқи нависандагони Узбекистон ва Тоҷикистон, доктори илми фалсафа Ҷаъфар Холмуъминов, доктори илми таърих Комилҷон Раҳимов, адиби шинохтаи тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Узбекистон Абдулло Субҳон ва дигарон андешаҳояшонро оид ба китобҳои Абдуҷаббор Раҳмонзода баён доштанд.
Дар ҳамоиш ба омӯзгорону рӯзноманигорон ва санъаткорони тоҷики муқими Узбекистон, аз ҷумла Узбакбой Раҳмонов, Холбика Нурназарова, Дилмурод Қузиев, Фармон Азимов, Ҳомид Ҳомидӣ, Комилҷон Раҳимов унвонҳои «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон тақдим гардиданд.
Ин шахсон солҳои зиёд дар соҳаи илм, маориф ва санъат хизмат намуда, подоши заҳматҳои онҳо аз ҷониби роҳбарони сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ қадрдонӣ гардид.
Дар анҷоми ҳамоиш санъакорони тоҷики вилоятҳои Қашқадарё ва Навоӣ хотири ҳозиринро бо сурудҳои ватандӯстона ва тараннумгари дӯстиву бародарӣ шод намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон








Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад






