Намояндаи Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова дар нишасти байналмилии занон-кайҳоншиносон иштирок намуд

Декабрь 19, 2023 18:00

ДУШАНБЕ, 19.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Монреали Канада нишасти занон-коршиносони кайҳоншинос таҳти унвони «Таҳкими иқтидор ҷиҳати пешбурд ва дастёбӣ ба баробарии гендерӣ дар соҳаи кайҳоншиносӣ» ва дар шаҳри Венаи Австрия Анҷумани ҷаҳонии кайҳонӣ «Фазои кайҳонӣ барои ояндаи муштарак» баргузор гардид, ки дар он намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон- олими соҳаи кайҳоншиносӣ Гулчеҳра Қоҳирова иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки бо дастгириву мусоидати ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар раванди сиёсати давлатии дарҳои боз олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон пайдо намудаанд, ки натиҷаҳои фаъолияту навоварии худро дар фазои байналмилалӣ пешниҳод намоянд. Яке аз чунин олимҳои тоҷик- зане, ки Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бо илму дониш ва кашфиёти назарраси астрономӣ муаррифӣ менамояд, Гулчеҳра Қоҳирова мебошад.

Ӯ доктори илмҳои физикаю математика, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, директори Институти астрофизикаи АМИТ ва ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи ноиби президенти АМИТ, Раиси шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникии АМИТ мебошад.

Тавре Гулчеҳра Қоҳирова иброз намуд, мақсади сафар ба шаҳри Монреали Канада ҳамчун намояндаи Тоҷикистон ва коршиноси эътирофшуда иштирок намудан дар нишасти занон-коршиносони кайҳоншинос таҳти унвони «Таҳкими иқтидор ҷиҳати пешбурд ва дастёбӣ ба баробарии гендерӣ дар соҳаи кайҳоншиносӣ» буд, ки он аз ҷониби Кумитаи фаъолияти кайҳонии Созмони Милали Муттаҳид (UNOOSA) ва Оҷонсии кайҳонии Канада ташкил ва амалӣ гардид.

Дар нишаст зиёда аз 34 давлати ҷаҳон иштирок намуда, дар он масъалаҳои муҳим оид ба таҳкими иқтидор ҷиҳати пешбурд ва дастёбӣ ба баробарии гендерӣ дар соҳаи кайҳоншиносӣ баррасӣ гардиданд.

Зимни нишаст Гулчеҳра Қоҳирова дар мавзуи «Ҳамкории байналмилалии занони олим ҳамчун шарти ҳатмии баробарии гендерӣ дар тадқиқоти кайҳон-Омӯзиши мисоли Тоҷикистон» (International cooperation of women scientists as a precondition for gender equality in space research – Tajikistan case study) доир ба сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ ва таҳкими саҳми занон дар ҷомеаи мамлакат, риояи баробарии гендерӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҷомеа, аз ҷумла дар соҳаи илму маърифат сухан гуфт.

Баромад оид ба сиёсати давлат дар соҳаи илм ва дастовардҳои кайҳоншиносони ҷумҳурӣ аз тарафи кумитаи тадорукот ва иштирокчиёни нишаст баланд арзёбӣ шуд.

Ҳамзамон аз 11 то 15 декабр дар шаҳри Венаи Австрия Гулчеҳра Қоҳирова ҳамчун коршиноси соҳаи кайҳон ва намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анҷумани ҷаҳонии кайҳонӣ «Фазои кайҳонӣ барои ояндаи муштарак» иштирок намуд. Дар кори анҷуман масъалаҳои муҳим барои тамоми башарият оид ба ояндаи идоракунии фаъолияти кайҳонӣ- истифодаи баробари дастовардҳои технологияҳои кайҳонӣ барои рушди устувори ҷамъият баррасӣ гардиданд.

Дар кори нишаст коршиносони зиёда аз 80 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Олими тоҷик доир ба натиҷаҳои таҳқиқоти кайҳонӣ дар Тоҷикистон бо мақсади муаррифӣ намудани сиёсати давлат дар соҳаи илм ва дастовардҳои кайҳоншиносони мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ маърузаи илмӣ намуд.

Тавре зимни суҳбат Гулчеҳра Қоҳирова иброз намуд, дар ҷаҳон байни астрономҳои ҳирфаӣ чорякашонро занон ташкил медиҳанд ва давлатҳое ҳастанд, ки дар онҳо умуман занони ситорашинос фаъолият надоранд.

«Мо метавонем ифтихор намоем, ки Тоҷикистон ба он давлатҳое дохил мешавад, ки дар онҳо шумораи кофии астрономҳои зан вуҷуд дорад ва онҳо дар ин самт баробари мардон фаъолият мебаранд», — гуфт ӯ.

Бояд гуфт, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ ба як сайёраи хурд номи Гулчеҳра Қоҳирова дода шудааст. Ҳамзамон ӯ дорандаи Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» мебошад. Вай аввалин зани олим дар Тоҷикистон аст, ки ин ҷоизаро гирифтааст.

Бо шарофат ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар давраи соҳибистиқлолӣ мавқеи зан дар ҷомеа баланд бардошта шуд. Тамоми шароитро Сарвари давлат барои занони олим фароҳам оварданд, то онҳо дар ободиву пешрафти Ватан саҳм гузоранд.

Дар ҷавоб ба ғамхориҳои Роҳбари давлат занон – духтарони тоҷик кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра фаъолият намуда, сазовори ин ғамхориҳо бошанд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС аз Гулчеҳра Қоҳирова

Декабрь 19, 2023 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 45 ҳазор зан роҳбари хоҷагии деҳқонӣ аст
Дар Ёвон оид ба нақши волидайн ва омузгор дар таҳкими фарҳанги тарбия ва худшиносии фарзандон ҳамоиш доир шуд
Фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2025 натиҷагирӣ гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Қазоқистон доир мегарданд
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамкориро барои табодули таҷриба ва омодасозии кадрҳои давлатӣ тақвият медиҳанд
Тавассути намоишҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод беш аз 11 ҳазор шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд
ОГОҲӢ. Аз нимаи дуюми имрӯз то пагоҳ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 лоиҳаҳои грантии 200 зани соҳибкору ҳунарманд дастгирӣ ёфт
Портали маълумоти системаи идоракунии таҳсилоти касбӣ фаъол карда шуд
БЕМОРИИ ЗУКОМ. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешгирии вирусҳои гуногун чӣ тадбирҳо меандешад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 беш аз 14 000 нафар соҳиби касб шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 70 ҳазор ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуд