ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Баъд аз асфалтпӯшкунӣ роҳҳои шаҳри Турсунзода чароғон гардиданд
ДУШАНБЕ, 25.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кӯчаҳои деҳаи Ортиқ Ҷумаеви Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода баъд аз асфалтпӯшкунии роҳҳои байнидеҳавӣ пурра чароғон гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода.
Бо саҳмгузории соҳибкорон ва сокинони деҳа дар 50 нуқта чароғҳои равшанидиҳанда насб гардиданд, ки маблағи умумии харҷи он 18 ҳазор сомониро ташкил дод.
Масъалаи ободонии маҳал дар шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода идома ёфта, дар деҳаи дурдасти Хонақоҳи Кӯҳии Ҷамоати деҳоти Навобод бо саҳми соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ дар нақша аст, ки 3 км роҳи деҳа қумфарш шавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст






