ОИЛАДОРӢ — РУКНИ МУҲИМИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо сокинону фаъолон вохӯрӣ доир гардид

Декабрь 13, 2023 16:16

ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар мавзуи «Оиладорӣ — рукни муҳими фарҳанги миллӣ» бо сокинону фаъолон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон хабар доданд.

Гуфта шуд, ки оила ҳамчун пойдевори ҷомеа яке аз унсурҳои муҳими фарҳанги миллати тоҷик ба шумор меравад. Давлат ва Ҳукумати мамлакат ба масъалаи вобаста ба оила, бунёди оилаҳои солим, маърифати оиладорӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва бо ин роҳ бунёди ҷомеаи солим таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Роҷеъ ба арзишҳои оиладорӣ, хушбахтиву саодати хонавода, мустаҳкамии оила, меҳру муҳаббат, эҳтиром, тарбияи дурусти фарзандон ва ғайра гуфта шуд, ки дар замони муосир бо сабаби зуҳури падидаҳои нав фарҳанг ва суннати оиладории миллии мо зери таҳдиди ҷиддӣ қарор гирифтааст. Пошхӯрии оилаҳои ҷавон, никоҳи хешутаборӣ, ба бунёди оила омода набудани тарафҳо, тақлид ба фарҳанги оиладории бегона, тарбияи нодурусти фарзандон ва дигар масъалаҳои марбут ба оила, дар умум, ба ташаккули ҷомеаи солим монеа эҷод менамоянд.

Дар идома масъалаҳои нақши зан дар оила, соҳибкасбу соҳибмаълумот намудани духтарон, пешгирии никоҳи барвақтӣ, никоҳи хешутаборӣ ва пошхӯрии оилаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тазаккур дода шуд, ки ҳуқуқ ва озодиҳои занон дар мамлакат аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд. Барои баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин қарору қонун ва барномаҳои давлатӣ қабулу татбиқ гардиданд. Ҳанӯз ҳам ҳолатҳои аз таҳсил дур мондани духтарон, маҷбуран ба шавҳар додани онҳо, никоҳи хешутаборӣ ва дигар омилҳое, ки ба ҳаёту фаъолияти занон иртибот мегиранд,  дар ҷомеа ба чашм мерасанд, ки ин ба бунёди оилаҳои солим монеа эҷод месозад.

Таъкид гардид, ки имрӯз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солимии оила, ҳифзи саломатии модару кӯдак ва ба ин васила нигоҳ доштани солимии ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд, ки мақсади онҳо ҳифзи генофонди миллӣ ва шакл додани ҷомеаи аз нигоҳи ҷисмониву равонӣ солим мебошад. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои вазъи солимии модару кӯдак  ва паст намудани сатҳи фавти онҳо барномаҳои мушаххас дар амал татбиқ мешаванд.

«Оила такягоҳи асосии низоми иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии ҷамъият аст. Оила ҷойгоҳи оромиши тану руҳи инсон, махсусан зану шавҳар ва фарзандони онҳо мебошад. Бинои оила, асоси бунёди ҳалқаҳо ва силсилаҳои ба ҳамдигар васлшавии ҷомеаи инсонӣ маҳсуб мешавад. Дар таърих мақоми оила ба сифати пайванди ногусастании идомаи наслҳо барои ҳамаи дину мазҳабҳо чун падидаи тағйирнаёбанда шинохта шудааст», — ибрози назар шуд дар вохӯрӣ.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки оид ба масъалаи бунёди оила ва тарбияи фарзандон аз нигоҳи динӣ меъёрҳо ва принсипҳое коркард шудаанд, ки ба талаботи ҷомеаи имрӯза бисёр мувофиқ ва мутобиқ мебошанд. Оилае, ки тибқи ин принсипҳо зиндагӣ менамояд, оилаи мустаҳкам ва солим мебошад. Чунин оила имконият дорад, ки ба муқобили ҳама гуна мушкилот истодагарӣ намояд.

Дар қисмати музокира занони фаъол, собиқадорон ва намояндагони касбу кори гуногун сухан гуфта, оид ба оила ва масъалаҳои оиладорӣ ибрози назар намуданд.

Дар хотима ба китобхонаи марказии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҷилдҳои китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» туҳфа гардиданд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Декабрь 13, 2023 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Истироҳатгоҳи «Санги сипар» дар Панҷакент барқарор карда мешавад
Дар Суди Олӣ оид ба нақши Конститутсия дар таҳкими давлати демократию ҳуқуқбунёд конференсия баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия бо иштироки судяҳо конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«КОНСТИТУТСИЯ- ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТИ ОБОДИ МО». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир гардид
Ҳаракати навбатии пиряхи Деҳдал мушоҳида гардид
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 31-солагии Конститутсия конференсияи илмию амалӣ баргузор шуд
Музаффар Ашуриён: «Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз ва муайянкунандаи сарнавишти халқу миллати мо мебошад»
Дар пойтахт Симпозиуми байналмилалии «Саҳми Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илм, фалсафа ва тамаддуни ҷаҳонӣ» идома дорад
Доир ба нақши Конститутсия дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Моҳи ноябр Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Ҳуҷраи кории аввалин президенти Академияи фанҳои Тоҷикистон Садриддин Айнӣ навсозӣ гардид
Дар Душанбе Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун оғоз гардид