ҶОМИ КФО-2023/24. Бозии дастаҳои «Равшан» ва «Алтин Асир» дар Душанбе мегузарад
ДУШАНБЕ, 12.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бозии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ дар гурӯҳи «Е» байни дастаҳои футболи «Равшан» -и Тоҷикистон ва «Олтин Асир»-и Туркманистон 14 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар аввал ин вохӯрӣ бояд дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешуд, аммо бинобар омода намудани варзишгоҳ барои ивазкунии чамани сунъӣ ба гибридӣ бозӣ дар шаҳри Душанбе мегузарад. Акнун рақобат дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуда, соати 19:00 оғоз мегардад.
Бояд гуфт, ки чанд рӯз пеш дар шаҳри Ашқободи Туркманистон бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 байни дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Марв»-и Туркманистон дар сатҳи баланд доир гардида, бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт. Аз ҳайати дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб голро дар дақиқаи 43-юм легионери танзаниягӣ Эммануэл Мваненго ва аз ҳайати дастаи «Марв»-и Туркманистон Якшисахет Довлетгелдиев дар дақиқаи 65-ум ба ҳадаф расониданд.
Ёдовар мешавем, ки пас аз панҷ даври марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб се имтиёз дошта, дар зинаи охири гурӯҳи «Е» мавқеъ гирифтааст.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






