Сафири Тоҷикистон дар Узбекистон тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни давлатҳоро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо мақсади тақвияти ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни вилояти Қашқадарё ва шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон ва шаҳри Душанбе ба шаҳру ноҳияҳои Китоб, Шаҳрисабз, Ғузор, Қаршӣ ва Косони вилояти Қашқадарёи Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни шиносоӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон бо ҳокими вилояти Қашқадарё Муродҷон Азимов, муовини Ҳокими вилоят оид ба ҷалби сармоя, саноат ва савдо Олимхон Рустамов, ҳокими ноҳияи Китоб Уктам Пардаев, ҳокими шаҳри Шаҳрисабз Шерзод Буриев, ҳокими шаҳри Ғузор Бекзод Суюнов, муовини ҳокими шаҳри Қаршӣ Улуғбек Ҷӯраев, роҳбари Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Қашқадарё Имомназар Турсунов ва дигарон мулоқот намуд.
Дар мулоқот масъалаҳои судманд, аз қабили тақвияти ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни вилояти Қашқадарё ва шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон ва шаҳри Душанбе, инчунин дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми савдои мутақобила то 1 миллиард доллар, барқарор намудани робита байни минтақаҳои озоди иқтисодӣ, доираҳои соҳибкорӣ, ҷалби сармоя барои бунёди корхонаҳои муштараки саноативу истеҳсолӣ ва таҳкими ҳамкории сайёҳӣ, илмӣ — фарҳангӣ баррасӣ гардиданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон










Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид






