ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 декабр, душанбе, 338-умин рӯзи соли 2023 аст

Декабрь 4, 2023 08:00

4 декабри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон суханронӣ намуда, андешаҳои худро дар бораи вазъи энергетикии мамлакат баён доштанд.

***

4 декабри соли 2012 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Туркманистон сафар намуданд.

***

4 декабри соли 2013 дар шаҳри Душанбе оид ба муҳокимаи ҳисоботи аввалини баҳодиҳии омӯзиши Лоиҳаи минтақавии CASA-1000 вохӯрии машваратӣ баргузор гардид.

***

4 декабри соли 2014 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе мушкилоти астрофизикаи муосирро дар сатҳи байналхалқӣ муҳокима намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Тоҷикистон дар Рейтинги рушди давлатҳо дар соли 2017, ки аз ҷониби Маркази бритониёии «Институти Legatum» тартиб дода шудааст, мақоми 102-юмро касб намуд.

 ***

4 декабри соли 2019 дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Узбекистон Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо яке аз шаҳрҳои зеботарин ва қадимтарини дунё – Самарқанд шинос шуданд.

***

4 декабри соли 2021 соҳибкорони Могилёв бо корхонаҳои саноатии вилояти Суғд  шинос шуданд

***

4 декабри соли 2022  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шуро ва ҷаласаи пленарии 15-уми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД) ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия ташриф оварданд.

4 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Дар Ҳиндустон – Рӯзи флоти ҳарбӣ-баҳрӣ.

***

Дар Русия – Рӯзи информатика.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Абулқосим Аҳмадзода Лоҳутӣ (маъруф ба Абулқосим Лоҳутӣ) -соли  1887— шоири шаҳири Эрон ва Тоҷикистон.

Декабрь 4, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 октябр, чоршанбе, 295-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 октябр, сешанбе, 294-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 октябр, душанбе, 293-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 октябр, якшанбе, 292-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 октябр, шанбе, 291-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 октябр, ҷумъа, 290-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 октябр, панҷшанбе, 289-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 октябр, чоршанбе, 288-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 октябр, сешанбе, 287-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 октябр, душанбе, 286-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 октябр, якшанбе, 285-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 октябр, шанбе, 284-умин рӯзи соли 2025 аст