ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 декабр, сешанбе, 339-умин рӯзи соли 2023 аст

Декабрь 5, 2023 08:00

5 декабри соли 1949 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид аз давлатҳои аъзояш даъват ба амал овард, ки дар бораи мусаллаҳшавӣ ва қувваҳои мусаллаҳи худ маълумот пешниҳод намоянд.

***

5 декабри соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар иҷлосияи сеюми фавқулодаи сарони давлатҳои Созмони Конфронси Исломӣ ба шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ сафар намуданд.

***

Соли 2008 аввалин шумораи рӯзномаи «Шифобахш» нашр шуд. Он нашрияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошад.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 дар шаҳри Ашқобод — пойтахти Туркманистон ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид. Пас аз анҷоми ҷаласа Эъломияи сарони давлатҳои ИДМ оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории ҳамаҷониба ба имзо расид.

***

5 декабри соли 2013 дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Парлумони Точикистон, даъвати чорум масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар иртибот ба пирӯзии баҳснопазираш дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

***

5 декабри соли 2022  дар шаҳри Москва дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин мулоқот намуданд. Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла робитаҳои байнипарламентии ду давлат баррасӣ гардиданд.

5 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Рӯзи байналмилалии волонтёрон (ихтиёриён) барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ.

***

Рӯзи ҷаҳонии хок

Декабрь 5, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш