Вакилони Маҷлиси намояндагон дар даври омӯзишӣ дар Ҷумҳурии Молдова иштирок намуданд

Декабрь 22, 2023 17:44

ДУШАНБЕ, 22.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати дастур ва ташкили кор Ҷамшед Муртазозода дар доираи даври омӯзишӣ бо дастгирии Барномаи минтақавии «Навовариҳои иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ/Sica-Қазоқистон»  ба Ҷумҳурии Молдова сафар намуда, бо намояндагони сатҳи баланди мақомоти давлатии ин ҷумҳурӣ мулоқот намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Ба ҳайати гурӯҳ раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод ва мушовири калони кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Бахтиёр Шамолиён шомил буданд.

Дар доираи сафар вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони сатҳи баланди мақомоти давлатӣ, аз ҷумла вакилони парламенти Молдова,  роҳбари дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Молдова, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Молдова, мушовири Президенти Ҷумҳурии Молдова оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва дигар шахсони расмӣ мулоқот анҷом доданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 22, 2023 17:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд