Воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ соҳиби техникаҳои нав шуданд

Декабрь 27, 2023 14:40

ДУШАНБЕ, 27.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади беҳтар намудани пойгоҳи моддию техникии ҳамаи воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ фаъолият доранд, маросими ба ин кумита супоридани техникаи вазнин, техникаи махсус, воситаҳои шиноварӣ, телефонҳои моҳвораӣ, камераҳои наворбардорӣ, дастгоҳҳои аккосӣ, тахтаҳои электронӣ ва таҷҳизоти тиббӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар медиҳад.

Ин дастгирӣ дар чаҳорчӯби ду лоиҳаи муштараки Кумита – «Лоиҳаи миллии Кумита ва Бонки Осиёии рушд оид ба идораи офатҳои табиӣ» ва «Беҳдошти омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Кумита ва Бонки ҷаҳонӣ», инчунин шарики байналмилалӣ — Барномаи ҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид.

Ҳамаи ин таҷҳизот ва воситаҳои техникӣ барои анҷом додани корҳои саривақтии рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, иҷрои корҳои наҷоти фаврӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир, гузаронидани дарсҳо дар марказҳои таълимии кумита, инчунин ба даст овардани маълумоти саривақтӣ ва саҳеҳ оид ба вазъи табиат ва ҳодисаҳои эҳтимолии фавқулода пешбинӣ шудаанд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 27, 2023 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд