ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Хатлон оид ба иҷрои корҳо дар мавсими сармо ҷаласа доир шуд
ДУШАНБЕ, 11.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода оид ба баррасии вазъи зимистонгузаронӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Муовини раиси вилояти Хатлон иброз намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» корҳои муайян ба анҷом расонид.
Муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода тазаккур дод, ки бо мақсади омӯзиши ҳолати воқеии ҷараёни иҷрои қарор тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ таъсис дода шуда, ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод. Аъзои гурӯҳ ҷараёни иҷрои ин қарор ва омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи зимистони солҳои 2023-2024, аз ҷумла дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, раёсатҳои матлубот, шабакаҳои барқӣ ва ғайраро мавриди омӯзиш қарор доданд.
Муовини Раиси вилояти Хатлон гуфт, ки бо мақсади таъмини эҳтиёҷи аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар давраи зимистон дар бозорҳо ва анбору сардхонаҳо, новобаста аз шакли моликияташон маҳсулоти кишоварзӣ ба андозаи зарурӣ мавҷуд аст.
Дар ҷаласа аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Бохтар, Норак, Левакант, Вахш, Восеъ, Муъминобод, Шаҳритус ва дигарон ҳисобот манзур гардида, оид ба камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар ҳар шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба маблағгузорӣ барои харид ва захиранамоии маводи сӯхт, захираи маводи озуқаворӣ ва зиддилағжиш, омодагии иншооти энергетикӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар шуд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа аз ҷониби муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи захираи маводи зарурӣ ва сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи зимистони солҳои 2023-2024 супоришҳои мушаххас дода шуданд.
АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон








Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






