Ҷашни Сада яке аз ойинҳои басе деринаи мардуми тоҷик мебошад

Январь 28, 2024 09:00

ДУШАНБЕ, 28.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни Сада дар қатори Наврӯзу Тиргон ва Меҳргон аз даврони қадим то рӯзгори мо бо як силсила одобу суннат, расму ойин ва донишу таҷрибаҳои кишоварзӣ омада расидааст. Чунин омадааст дар Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада.

Сарвари давлат вобаста ба ин иброз медоранд, ки ниёгони ориёитабори тоҷикон ҳанӯз беш аз шаш ҳазор сол қабл аз ин ба ҳунармандиву косибӣ, истеҳсоли ашёи зарурии рӯзгор ва корҳои кишоварзиву боғдорӣ машғул будаанд.

«Онҳо барои ҳар фасли сол иду маросим ва одатҳои махсус доштаанд, ки ҳама бо табиат, заминдорӣ ва касбу кори гузаштагонамон пайванди мустаҳкам дошта, аз ҷониби хурду бузург таҷлил мегардиданд, — таъкид намуданд Пешвои миллат. — Ҷашни Сада яке аз ҳамин ойинҳои басе деринаи мардуми мо мебошад».

Таъкид гардид, ки дар муҳити зиндагии ориёиёни қадим тақвимҳои мардумӣ шакл гирифта, гузаштагони мо аксари маросиму ҷашнҳоро дар асоси онҳо таҷлил менамудаанд. Ҳамин аст, ки ниёгони мо барои чор фасли сол ойину ҷашнҳои алоҳидаро бунёд гузоштаанд.

АКС аз бойгонӣ

Январь 28, 2024 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад