Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ конференсия доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Паёми Президенти Тоҷикистон–дурнамои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» конференсияи вилоятии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ин донишгоҳ.
Тазаккур дода шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» фарогири ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат буда, ба рушди тамоми соҳаҳо ва зиндагии шоистаи мардуми сарбаланди тоҷик равона шудааст.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» барномаи мукаммале аст, ки фаъолияти Ҳукумати мамлакат, тамоми вазорату муассисаҳои ҷумҳуриро натиҷагирӣ намуда, ба рушди минбаъдаи он заминаи мусоид мегузорад.
Изҳор гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон ҳамчун санади муҳимми таърихӣ баҳогузорӣ намуд, ки бо иҷрои тамоми вазифаҳои дар он гузошта ҷумҳурии мо дар соли 2024 – соли бузургдошти сисолагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва шукуфоии ҳаёти мардуми он қадамҳои боз ҳам устувор мегузорад.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд






