Дар Душанбе вобаста ба татбиқи лоиҳаи миллии Агентии Байналмилалии Неруи Атомӣ вохӯрӣ баргузор шуд

Январь 20, 2024 13:52

ДУШАНБЕ, 20.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази миллии ташхиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба татбиқи лоиҳаи миллии Агентии Байналмилалии Неруи Атомӣ (АБНА) TAD7003 «Таҳкими иқтидор оид ба мониторинги радионуклидҳо дар  хӯрокворӣ, маводи ғизоӣ ва об» мулоқот доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ  ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хабар доданд.

Зимни баргузории мулоқот аз номи Агентии Байналмилалии Неруи Атомӣ (АБНА) ба сифати ёрдамчиёни ҳамоҳангсози миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  Матин Ахмедов ва мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентӣ Олимҷон Азизов иштирок намуданд.

Зимни мулоқот бо роҳбарият ва мутахассисони  марказ масъалаҳои марбут ба таҷҳизонидани озмоишгоҳ ва таҳкими иқтидори он мавриди баррасӣ   қарор гирифт. Ин лоиҳа аз соли 2018 инҷониб амалӣ мешавад. Асбоби баландтехнологӣ дастрас гардида, ҳамзамон озмоишгоҳи радиометрикӣ таъсис дода шуд, ки дар айни замон тамоми таҷҳизоти зарурии озмоишгоҳӣ дар он мавҷуд мебошад.

Барои иҷрои вазифаҳои таҳқиқоти радиометрикӣ дар маҳсулоти хӯрокворӣ тибқи талаботи стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла асбоби  Гамма-спектрометри Nai (Tl) Scintillation Detector System ва спектрометри алфа-бета (liquid Scintillation Counting System)   харидорӣ шуданд.

Гуфта мешавад, ки миқдори ифлоскунандаҳои химиявӣ ва радионуклидҳо дар ашёи хоми озуқаворӣ ва ғизо бояд назорат шавад. Феълан дар марказ фаъолияти тсезий-137 ва стронтсий-90 дар хӯрок ва ашёи хом, ки дар ҷумҳурӣ ворид мешаванд ё истеҳсол мегарданд, чен  мешавад.

Тазаккур дода шуд, ки чунин ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла бо Агентии Байналмилалии Неруи Атомӣ бо дастгирии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Кумитаи амнияти озуқаворӣ ҷиҳати расидан ба вазифаҳои дар соҳаи таъмини амнияти маҳсулоти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда  кумак мерасонад.

АКС: Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ  ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ

 

Январь 20, 2024 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад