Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 05.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни сафар ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро ифтитоҳ намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 дар деҳаи Дараи оби Ҷамоати деҳоти Доғистон ҷойгир буда, моҳи марти соли 2021 сохтмонаш оғоз гардида, аз ҳисоби Бонки исломии рушд бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фаридун»–и шаҳри Кӯлоб сохта шудааст.
Муассисаи таълимӣ аз бинои дуошёна иборат буда, дорои 10 синфхонаи таълимӣ, утоқи кории директор, хонаи омӯзгорон, роҳрав, ҳавлӣ, майдончаи варзишӣ мебошад ва дар атрофи муассиса дарахтони сояафкан шинонида шудаанд. Шароити муассисаи таълимӣ ҳозиразамон буда, дорои кабинетҳои фаннии физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ ва Маркази инкишофи барвақтии кӯдакон мебошад. Дар ҳамаи синфхонаҳо тахтаҳои электронӣ бо компютер насб шудаанд. Муассисаи таълимӣ бинои ёрирасон бо андозаи 20 м2 барои нигоҳдории захираҳои зимистона дорад.
Масоҳати умумии қитъаи замини муассисаи таълимӣ 1,7 га ва масоҳати бинои таълимӣ 568 метри мураббаъро ташкил медиҳад, масоҳати синфхонаҳо 508 метри мураббаъ буда, иқтидори лоиҳавӣ барои 240 нафар хонанда мебошад. Муассисаи таълимӣ бо маркази гармидиҳӣ таъмин буда, дар айни замон дар ҳолати корӣ қарор дорад.
Муассисаи таълимӣ хонандагонро дар се зинаи таҳсил ба таълим фаро гирифта, аз ҳудуди деҳа дар муассисаи таълимӣ 456 хонанда (аз ҷумла 234 духтар) ба таҳсил фаро гирифта шуда, 39 омӯзгор (аз ҷумла, 11 зан) ба таълиму тарбияи хонандагон машғул мебошанд.
Пас аз шиносоӣ бо шароити таълим дар мактаби нав Сарвазири мамлакат ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, таваҷҷуҳи омӯзгоронро ба сатҳу сифати таълим ҷалб намуд.
Омӯзгорону хонандагон аз ғамхориҳои беназири Сарвари маорифпарвари мамлакат изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки бо фароҳам гардидани чунин шароити муосир дар таълиму тарбия саҳми бештар мегузоранд.
АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон








Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад






