Дар Осорхонаи миллӣ нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтанд

Январь 6, 2024 08:54

ДУШАНБЕ, 06.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар иртибот ба омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Паёми Президенти Тоҷикистон–роҳнамои ояндасоз» ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва ҳайати кормандони Осорхонаи миллӣ иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллӣ.

Директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода иброз дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамои ояндасози миллати тоҷик мебошад, зеро дар он самтҳои рушди Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тандурустӣ, илму маориф, сайёҳӣ ва муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифтаанд.

Ҳамзамон кормандони муассиса дар мавзуъҳои «Мақоми зан-модар дар Паёми Президенти Тоҷикистон», «Паёми Президенти Тоҷикистон- таҳкимбахши рушди ҷомеа», «Паёми Президенти Тоҷикистон- муттакои соҳаи маориф», «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон», «Ёдгориҳои таърихӣ–шиносномаи миллат дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон» ва «Сиёсати давлатии ҷавонон дар Паёми Президенти Тоҷикистон» маъруза намуданд.

Иброз гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллатамон барои ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ намудани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик аҳли фарҳанг бояд рисолати худро ҳамаҷониба ва дар сатҳи шоиста иҷро намоянд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Январь 6, 2024 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Дар ноҳияи Восеъ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид