Дар Саразми Панҷакент купрук месозанд

Январь 7, 2024 11:00

ДУШАНБЕ, 07.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони деҳаҳои Ваҳдат, Абдусамад, Кӯҳдоман ва Чиларчаи Ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент тасмим гирифтаанд, ки болои сойи селрави ин деҳаҳо купрук бунёд намоянд. 

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории сокинони ин деҳаҳо ҳоло дар ин мавзеъ бунёди пули мошингузар бо дарозии 18 ва паҳнои 5 метр тариқи ҳашар идома дорад. Ҳоло бетонпӯш намудани фарши пул ба охир расида, сокинони деҳаҳо иброз доштанд, ки баъди анҷоми сохтмони он ба мумфарш намудани роҳ низ иқдом менамоянд.

Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони пул бо сокинони деҳаҳо, ки дар ҳашар иштирок доштанд, суҳбати гарму самимӣ анҷом дода, барои ин ташаббус ба онҳо изҳори сипос намуд.

Бояд гуфт, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»  ба иқдому ташаббусҳои соҳибкорон ва мардум баҳри корҳои ободонӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ баҳои баланд дода шуд.

    АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Январь 7, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд