Дар шаҳри Кӯлоб ба оилаҳои аз садамаи нақлиётӣ зарардида манзили истиқоматӣ дода шуд
ДУШАНБЕ, 05.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб манзилҳои истиқоматӣ барои оилаҳои аз садамаи нақлиётӣ зарардидаро ба истифода дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.
Дар маҳаллаи Дӯстии шаҳри Кӯлоб барои 4 оилае, ки бинобар садамаи нақлиётии дар шаҳр рухдода зарар дида буданд, аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаи Бозори Сомониёни шаҳр тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хонаҳои истиқоматӣ сохта шуданд.
Хонаҳо бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон (1 хона), шаҳри Кӯлоб (1 хона), масҷидҳои ҷомеъ (1 хона) ва Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб (1 хона) сохта шудаанд.
Манзилҳои истиқоматии сохташуда ба оилаи Сафармад Ёров, оилаи Ҷумахон Ёров, оилаи Шамсулло Ёров ва оилаи Қурбонбӣ Ҷононова супорида шуданд. Хонаҳо аз 3 ҳуҷра ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошанд. Майдони умумии манзилҳои истиқоматӣ дар масоҳати 0,04 гектар сохта шуда, масоҳати умумии сохтмони онҳо 71,3 м2-ро ташкил медиҳад.
Бояд ёдовар шуд, ки дар садамаи нақлиётие, ки шоми 6 августи соли 2023 дар назди бозори «Сомониён»-и шаҳри Кӯлоб ба вуқуъ пайваст, 10 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин 11 нафари дигар захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуда буданд.
Зимни суҳбат бо сокинони зарардида Сарвазири мамлакат иброз дошт, ки ҳеҷ гоҳ руҳафтода набошанд, зеро давлату ҳукумат ҳамеша дар паҳлуи шаҳрвандонаш ва ғамхори онҳо мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки ба бартарафсозии оқибатҳои садамаи нақлиётӣ ва сохтмони хонаҳои истиқоматӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ғамхорӣ зоҳир гардида, ҷараёни корҳои бунёдкориву ободонӣ зери таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дошт.
Аз ин амалҳои башардӯстонаи Президенти Тоҷикистон сокинони зарардида изҳори хушнудӣ намуда, ҷиҳати дастгирӣ ва расонидани кумакҳои инсондӯстона ба Пешвои миллат изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








ҒИЗОИ СОЛИМ. Пӯдина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруф аст
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд






