Дар Суғд ба ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ дар бахшҳои маориф ва тандурустӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад
ДУШАНБЕ, 28.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Артур ван Дизен баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Зимни мулоқот ба фаъолияти Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) дар Тоҷикистон баҳои арзанда дода шуд. Хусусан оид ба фаъолияти созмон дар татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар бахшҳои маорифу тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ шуд.
Гуфта шуд, ки бо ташаббус ва дастгириҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кӯдакону наврасон шароити зарурии таълиму тарбия, истироҳату фароғат фароҳам оварда шуда, ба ин қишри ҷомеа, ки ояндаи давлату миллат мебошад, таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мешавад. Ҳамзамон давлат кӯдакону наврасонеро, ки бепарастор мондаанд, зери ҳимоят гирифта, мунтазам ба онҳо ғамхорӣ менамояд.
Дар ин раванд ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ натиҷабахш буда, саҳми ин ташкилот дар амалӣ намудани барномаҳои гуногун, аз ҷумла таъмини солимии кӯдакон, ғизои модару кӯдак, пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятӣ назаррас мебошад.
Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Артур ван Дизен иброз намуд, ки Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) давоми солҳои фаъолият дар вилояти Суғд бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ якчанд тадбирҳоро амалӣ намуд ва минбаъд низ барои рушди ҷомеа аз имконоти мавҷуда истифода мешавад.
Дар мулоқот пешниҳод гардид, ки минбаъд лоиҳаҳо дар самти баланд бардоштани сатҳи донишу хизматрасонии равоншиносон дар муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, кор бо кӯдакони аз ҷиҳати равонӣ мушкилидошта татбиқ шаванд, барои баланд бардоштани ихтисоси кормандони идораҳое, ки бо кӯдакон кор менамоянд, машваратҳои омӯзишӣ баргузор гардида, марказҳои дастгирии модару кӯдак ва хона-интернатҳо дастгирӣ ёбанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






