Дар Тоҷикистон Иди Сада ва намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад

Январь 19, 2024 11:43

ДУШАНБЕ, 19.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 28 январ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Сада ва намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ин рӯз  кишоварзони тамоми шаҳру навоҳии мамлакат техникаҳои кории кишоварзӣ, навъҳои тухмии зироат ва техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, ярмарка-фурӯши ниҳол, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари  ҷашни Сада мебошанд, ба намоиш  мегузоранд.

Бояд таъкид намуд, ки дар замони истиқлол ҷашни Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо умри дубора пайдо намуда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар  радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид. Мояи  ифтихори ҳар яки мо аст, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 19, 2024 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд