Дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ба номи аввалааш — «Вахш» тағйир дода шуд

Январь 17, 2024 10:38

ДУШАНБЕ, 17.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо Қарори Раиси шаҳри Бохтар номи Муассисаи давлатии Клуби футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ба Муассисаи давлатии Клуби варзишии футболи «Вахш» тағйир дода шуд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин клуби футбол хабар медиҳад.

6 сол қабл — соли 2018 зимни ислоҳоти шакли даста аз «Ташкилоти ҷамъиятӣ» ба «Муассисаи давлатӣ» номи даста аз «Вахш» ба «Хатлон»-и шаҳри Бохтар иваз шуда буд.

Хотиррасон мешавем, ки даста солҳои 60-уми асри гузашта таъсис ёфта, дар замони соҳибистиқлолӣ бо номи «Вахш» дастоварду шуҳрати зиёд дошт. Аз ҷумла:

— Финалисти Ҷоми Президенти АФК;

— 3 маротиба чемпиони Тоҷикистон (1997,2005,2009);

— Барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон (2004);

— 4 маротиба барандаи медалҳои биринҷии Чемпионати Тоҷикистон (1992,2006,2007, 2010);

— 2 маротиба барандаи Ҷоми Тоҷикистон (1996/97, 2003);

— 2 маротиба финалисти Ҷоми Тоҷикистон (2002, 2005);

— Финалисти Суперҷоми Тоҷикистон (2010);

— Ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявии Ҷоми Рустам Далтабоев (2010)

Дастовардҳои даста бо номи «Хатлон»:

— Финалисти Ҷоми Тоҷикистон (2020)

— Финалисти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (2021)

— Ғолиби Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон (2022)

Бо иваз гардидани номи даста нишонии он ҳам тағйир дода шуд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 17, 2024 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад