Эмомалӣ Раҳмон: «Мо барои шаҳрвандони Давлати Қатар низоми бераводиди яктарафаро ба муҳлати 30 рӯз ҷорӣ намудем»
ДУШАНБЕ, 22.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистони кӯҳсор, ки табиати зебо, набототу ҳайвоноти нодир ва осори беназири таърихиву фарҳангӣ дорад, барои рушди бахши сайёҳӣ, бахусус сайёҳати кӯҳнавардӣ, экологӣ ва беҳдоштӣ, ҳамчунин, шикор имкониятҳои зиёдро доро аст. Мо барои шаҳрвандони як қатор кишварҳо, аз ҷумла Давлати Қатар низоми бераводиди яктарафаро ба муҳлати 30 рӯз ҷорӣ намудем. Чунин изҳор доштанд имрӯз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар.
Роҳбари давлат изҳор доштанд, ки Ҳукумати мамлакат тавассути истифодаи имкониятҳои соҳибкории хурду миёна ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба таҳкиму тавсеаи зерсохтори соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Таъкид гардид, ки дар ин самт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ соли охир барои сармоягузорон ва ширкатҳо имтиёзу сабукиҳои ҷолиб пешниҳод шудааст. Аз ҷумла, воридоти молу ашё ва таҷҳизот барои бунёди иншооти сайёҳӣ аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда, ҳамчунин, ширкатҳои навтаъсиси соҳа аз пардохти андоз аз фоида ба муддати 5 сол озод шудаанд.
Ҳамзамон Сарвари давлат баён доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон омода аст, ки пешниҳодҳои сармоягузорони қатариро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории судманд дар самтҳои афзалиятноки баёншуда бодиққат омӯзад ва дастгирӣ намояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






