Кумитаи меъморӣ ва сохтмон: Таҳияи нақшаи генералии маркази 65 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон пурра ба анҷом расидааст

Январь 10, 2024 16:36

ДУШАНБЕ, 10.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон таҳияи нақшаҳои генералии маркази 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор доранд. Дар ин хусус зимни баргузории ҷаласаи фаъолияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соли 2023 иттилоъ дода шуд. 

Дар нишаст вобаста ба таъмини риояи қонунгузорӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ, амалишавии нақшаҳои генералӣ ва низоми иҷозатдиҳӣ дар фаъолияти мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маълумот дода шуд.

Бо мақсади дар доираи талаботи Кодекси шаҳрсозӣ ва меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ ба роҳ мондани фаъолияти шаҳрсозӣ дар шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ба мудирони шуъба ва бахшҳои меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифаҳои мушаххас дода шуд.

Дар ҷаласа ҷамъбасти фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумита, мудирони шуъба ва бахшҳои меъморӣ ва шаҳрсозии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар соли 2023 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, барои фаъолият дар соли 2024 дар назди онҳо дар самти дастгирии ташаббусҳои соҳибкорон, ҳифзи манфиатҳои иқтисодии мамлакат, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ, риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, истифодаи васеи унсурҳои меъмории милливу замонавӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 10, 2024 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар