МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боронҳои чанд рӯзи оянда барои соҳаи боғу токпарварӣ фоидаовар мебошанд
ДУШАНБЕ, 13.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, чанд рӯзи оянда дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, рӯзона пайи ҳам борон ба амал меояд. Чун зимистони имсола камбориш омад, ба гуфтаи Директори Инстути боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Алиф Толибов, боронҳои пай дар пай барои соҳаи боғу токпарварӣ фоидаовар мебошанд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар сурати аз 3 мм зиёд ба амал омадани борон он метавонад дар хок захира шавад. «Дар фасли зимистон он бороне, ки ба амал меояд, асосан нақши захиравиро мебозад. Чун то аввали баҳор ин боронҳо метавонанд решаи дарахтонро бо намӣ таъмин созанд. Ин гуна боронҳо бештар ба боғу токзор манфиатовар мебошанд. Зеро решаи дарахтон дар боғҳо то 3-4 метр поён рафтааст ва он намнокие, ки бо сабаби боронҳои пай дар пай ба амал меояд, то чуқурии реша рафта захира мешавад. Дар фасли зимистон борон барои таъмини намии боғу токзор ва зироат асосан нақши захиравиро мебозад. Агар аввали баҳор бориш кам ҳам ба амал ояд, ин намие, ки дар ин вақт захира мешавад, то чанд муддат метавонад дарахтро бо об таъмин намояд»,-изҳор медорад мутахассис.
Бояд гуфт, ки борон дар самти истеҳсоли маводи ғизоӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ унсури муҳими кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Парвариши зироат ва боғу токзор аз оби борон сахт вобаста мебошад. Гап сари на танҳо миқдори бориш, балки муҳлати он низ меравад, чун тақсими ба амалоии бориш дар вақту замони мусоид ба серҳосилӣ ва дастархони пурнозу неъмати сокинони мамлакат оварда мерасонад. Аз нигоҳи деҳқонон, борон неъмате аст, ки метавонад рӯзгори онҳоро бисозад ва ё баръакс ба онҳо зарар оварад. Бо вуҷуди ин, аз нуқтаи назари истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагон, таъсири борон хеле муассиртар аст, зеро он ба дастрасии ғизо ва нархҳо таъсир расонида метавонад.
Ба ақидаи олимони соҳа, борон барои нашъунамои зироат зарур буда, миқдори он дар давраи нашъунамо ба ҳосили зироат таъсири бевосита мерасонад. Камборишӣ метавонад боиси кам шудани ҳосилнокӣ ва ё талафёбии ҳосил шавад, ин ҳам дар ҳоле ки бориши аз ҳад зиёд метавонад омили обхезӣ, эрозияи хок ва дигар мушкилот гардад. Вақти ба амал омадани борон низ аҳамияти калон дорад, зеро зироат дар давраҳои гуногун нашъунамо намуда, ба об эҳтиёҷ пайдо месозад, масалан дар давраи аввали нашъунамо, ки решаҳо инкишоф меёбанд ва бештар об талаб менамоянд.
Ба гуфтаи олимони соҳаи кишоварзӣ, дар ҳолати ба амал омадани борон ҳаракат намудан зарур аст, ки дар ин айём байни қаторҳо ҳама вақт аз алафҳои бегона тоза шуда бошад.
Гуфта мешавад, ки агар бориш зиёд ба амал ояд, дар натиҷаи намии зиёд шароите, ки барои афзоиши ҳашарот, яъне ташкили микрофаунаи онҳо зарур аст, фароҳам меояд. Яъне, ки зиёдшавии онҳо ба назар мерасад. Дар ин ҳолат бисёр хуб мешуд баъд аз бориш ҳатман ҳолати боғу токзор ҳам дар боғҳои саноатӣ ва ҳам дар наздиҳавлигӣ дида баромада шавад.
Вақте ки борон ба амал меояд, он ба замин намии заруриро барои инкишофи зироату боғу токзор фароҳам меорад. Ин дар навбати худ ба нигоҳ доштани занҷири ғизо кумак намуда, гуногунии шаклҳои ҳаётиро дастгирӣ месозад.
Тавре қаблан хабар додем, гарм ва камбориш омадани зимистони имсола боғдорону деҳқонони хоҷагиҳои деҳқониро хеле нигарон намудааст. Ба гуфтаи доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров, камбориш ё хушк омадани зимистони имсола барои зироати кишоварзӣ, махсусан соҳаи боғу токпарварӣ зиёновар дониста мешавад. Инчунин камбориш омадани ҳаво сабаби зиёд гардидани ҳашароти зараррасон ва тезтар инкишоф ёфтани дарахтон мегардад.
Ҳамасола то 30-40 фоизи ҳосили ҳама зироати кишоварзӣ дар маҷмуъ аз таъсири микроорганизмҳои зараровар нест мешавад. Тавре ҳамсуҳбати мо мегӯяд, бояд шароити татбиқи фаслҳои сол- баҳор, тобистон, тирамоҳ ва зимистон таъмин гардад. «Мо фасли баҳор ва тобистонро аз сар гузаронидем, то кунун фасли тирамоҳ идома дорад. Яъне ягон намуд тағйироти дигаре нест. Тағйирот дар куллӣ ҳаст, ба мисоли болоравии ҳарорат дар фасли зимистон. Мебояд, ки дар ин фасл ҳарорат паст бошад, аммо ҳоло баръакси он аст. Сардиҳои баргарданда дар оғози баҳор, ҳангоме, ки ғунчаҳо ба шукуфтан оғоз менамоянд, метавонанд тамоми ҳосилро ба нестӣ баранд».
Мутахассис чунин мешуморад, ки «дар ҳолати имрӯза кори аз ҳама муҳим барои зироати кишоварзӣ- таъмини дурусти об аст. Ягона тавсияе, ки мо медиҳем, ин ҳам обёрии захиравӣ бо усули қатрагӣ, қаторӣ ва анъанавӣ аст. Чун танҳо бо ин роҳ мо метавонем зироатро бо об таъмин намоем. Он пешниҳодҳое, ки намудем, агар амалӣ шаванд, дар оянда метавонем ҳосили хуб рӯёнем».
Пас, дар ин чанд рӯзе, ки ба амал омадани борон дар назар дошта шудааст, олимони соҳа ба деҳқонон тавсия медиҳанд, ки аз борон оқилона истифода баранд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ соли 2025 ба 50 миллиард сомонӣ баробар гардид
Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030 таҳия мегардад
Сарвари давлат: «Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 173 миллиард сомонӣ расид»
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар ҳафт соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Бахшида ба он «Муколамаи иқлимӣ барои ҷавонон» доир гардид
Президенти Тоҷикистон: «Соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад»
Дар даҳ соли охир ба таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон беш аз 670 миллиард сомонӣ равона гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия карда шавад»
Масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон раванди татбиқи низоми рамзгузории электронии гурӯҳҳои муайяни молҳо амалӣ мегардад
Лоиҳаи сохтмони роҳу пулҳо дар Бадахшон барандаи ҷоизаи байналмилалии FIDIC Contract Users’ Awards-2025 гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми киберҳуқуқии Осиёи Марказӣ–2025 иштирок намуд






