Моҳи ноябр дар Тоҷикистон 100-солагии таърихшиноси маъруфи тоҷик, академик Аҳрор Мухторов таҷлил мегардад

Январь 31, 2024 08:51

ДУШАНБЕ, 31.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи ноябр дар Тоҷикистон 100-солагии таърихшиноси маъруфи тоҷик, Академик Аҳрор Мухторов таҷлил мегардад. Ин тадбир дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, Фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки  бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст,  доир мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар робита ба баргузории ин ҷашн дар Тоҷикистон  доир гардидани  ҳамоишу конференсияҳо ва барномаҳои маърифативу фарҳангӣ дар назар дошта шудааст.

Олим, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Аҳрор Мухторов  5 ноябри соли 1924 дар шаҳри Ӯротеппа (ҳозира Истаравшан) ба дунё омадааст.

Самтҳои асосии фаъолияти илмии Аҳрор Мухторов сарчашмашиносӣ ва дар асоси он таҳқиқи таърихи халқҳои Осиёи Миёна, Афғонистон, Эрон ва Ҳиндустон аст.

Аҳрор Мухторов дар илми таърихи Тоҷикистон  аввалин нафаре аст, ки дар мавзуи ниҳоят муҳим — омӯзиши катибаҳо кор бурда, роҳи эҷодиаш ба ин масъалаи ноомӯхта тавъам шудааст.

Ба қавли устодаш академик Александр Семёнов, «ганҷи  парешонро аз вайронаҳо ба дили халқ кӯчонд». Олим бисёр васиқа, хитоба, шоҳиднома, айбнома, ҳукмнома ва ғайра пайдо намуд, ки барои омӯзиш, таҳқиқ ва таҳлилу кушодани муаммоҳои таърихи халқамон мадад расониданд.

Академик бисёр дастхатҳо, санадҳои ҳуқуқии асримиёнагӣ, эпиграфи дар рӯи сангҳо ва деворҳои куҳан маҳфузро омӯхта, дар асоси онӽо ба ҳалли бисёр масъалаҳои таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маънавии замон муваффақ гардид.

Аҳрор Мухторов ба мушкилоти таърихи сиёсии замони гузашта ҷиддан таваҷҷуҳ намуд ва бар пояи маълумоти нодири хаттӣ давраҳои ҳукмронии бисёр ҳокимони минтақаро барқарор ва ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданиро дар ғарб аз Бойсун ва дар ҷануб то Файзобод мавриди омӯзиш қарор дода, ба паҳлуҳои номаълуми шӯришҳои халқӣ (соли 1469 дар Самарқанд, соли 1810 дар Бухоро, соли 1887 шӯриши Восеъ) бо мадраки фаровон равшанӣ андохт. Асарҳои илмиаш перомуни шаҳрҳои Ҳирот, Қандаҳор, Ғазна, Кобул навишта шудаанд.

Соли 1994 Институти библиографии Амрико олими барҷастаи тоҷикро ба нашрияи байналмилалии «500 шахсияти машҳури ҷаҳон» ворид сохт. Ин институт ӯро «Одами сол-1995» эълон намуд. Асарҳои илмии академик Аҳрор Мухторов дар нашрияӽои мамлакатҳои ҷаҳон – ИМА, Англия, Олмон, Русия, Италия, Эстония, Чехия, Исроил, Афғонистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва ғайраҳо ба табъ расида, шуҳрати илми таърихи миллатро бардоштанд. Ҳанӯз соли 1980 Ассотсиатсияи илми байналхалқӣ «Корпуси навиштаҷоти эронзабон» (марказаш дар шаҳри Лондон) ӯро ба узвияти ин ҷамъият шомил намуд.

Академик Аҳрор Мухторов дар синни 83-солагӣ даргузашт.

Намунаи осори ӯ «Академик Бободжон Гафуров» (нашриёти «Ирфон», 1983), «Дурдонаҳои маданияти тоҷикон дар ганҷинаҳои Ҳиндустон»  («Ирфон», 1984),  «Луғати тоҷикӣ-русӣ оид ба таърих»  («Дониш», 1986), «Санг ҳам диле дорад» («Ирфон», 1986), «Академик Бобоҷон Ғафуров» («Ирфон», 1988) «Таърихи халқи тоҷик: Китоби дарсӣ барои синфҳои 8-9 /Б.А.Литвинский, А.Мухторов («Маориф», 1993), «Амирон ва вазирони Сомонӣ» (нашриёти «Оли Сомон», 1997), «Таърихи халқи тоҷик асрҳои ХV- ХIХ: Китоби дарсӣ барои синфи 8» (Алмаато: Атамура, 2000) ва дигарон мебошанд.

Таърихшиноси варзида Аҳрор Мухторов бо ҷоизаҳои гуногун, ба монанди ордени «Шараф», медалҳои «Барои шуҷоат», «Барои озодкунии Прага», «Барои меҳнати шоён», Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2007), Ҷоизаи Институти библиографии Амрико «Одами сол-1995» қадрдонӣ шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 31, 2024 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

САДА — МУЖДАИ НАВРӮЗ. Ин ҷашни бостонӣ ифодагари омодагии деҳқонон ба кишту кор мебошад
ҶАЛБИ БЕШТАРИ ХОНАНДАГОН БА ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид
ҶАШНИ САДА. Он чун унсури барҷастаи мероси фарҳангии башарият сазовори ҳифз ва таблиғ дар саросари ҷаҳон аст
Ҳамкории «Тоҷикфилм» бо Институти миллии аудиовизуалии Фаронса тақвият меёбад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?
26 январ дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд
Эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ аст
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ давраи омузишӣ баргузор шуд
ТОҶИКОН — МЕРОСБАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ саривақтӣ ва муҳим аст
Сокинони шаҳри Исфара соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд