ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Дар Тоҷикистон то 4 феврал ҳавои номусоид боқӣ мемонад

Январь 31, 2024 16:39

ДУШАНБЕ, 31.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бино ба маълумоти  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 31 январ то 3-4 феврали соли 2024 дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ монда, ба истиснои қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар аксар ноҳияҳои мамлакат фаромадани туман пешбинӣ шудааст.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, 3-4 феврал дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ монда, дар бештари ноҳияҳо борону барф пешгӯӣ мешавад. Рӯзонаи 3 феврал ва шабонаи 4 феврал дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат ба амал меояд.

1-2 феврал дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ҳарорати шабонаи ҳаво паст шуда, то 15-20 дараҷа хунукӣ пешгӯӣ мешавад. Бо сабаби паст шудани ҳарорати шабонаи ҳаво 1-4 феврал дар шоҳроҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ зуҳуроти яхбандӣ дар назар аст.

Шабонарӯзи наздик дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани зуҳуроти тарма аз эҳтимол дур нест.

АКС: АМИТ «Ховар

Январь 31, 2024 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд