ҶОМИ ОСИЁ-2023. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври сеюм бо дастаи мунтахаби Лубнон бозӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 19.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 январ дар варзишгоҳи «Ал-Байт»-и шаҳри Давҳа бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Лубнон баргузор мегардад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 аз дастаи мунтахаби Қатар мағлуб шуд. Ин бозӣ шоми 17 январ дар варзишгоҳи «Ал-Байт»-и шаҳри Давҳа баргузор шуда, бо ҳисоби 0:1 анҷом ёфт. Бозии дигари гурӯҳ байни дастаҳои мунтахаби Чин ва Лубнон бо ҳисоби мусовӣ (0:0) анҷом ёфта буд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар қисми финалии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «А», ки дар Қатар идома дорад, дар бозии аввал бо дастаи мунтахаби Чин бозиро мусовӣ намуд. Бозии ин дастаҳои мунтахаб 13 январ дар варзишгоҳи «Абдулло бин Халифа»-и шаҳри Давҳа баргузор шуда, бо натиҷаи мусовии 0:0 анҷом ёфт.
Дастаи мунтахаби Қатар дар даври аввал бо ҳисоби 3:0 дастаи мунтахаби Лубнонро шикаст дода буд. Ҳамчунин дар даври сеюм 22 январ дастаи мунтахаби Чин бо дастаи мунтахаби Қатар бозӣ менамояд.
Пас аз дар даври дуюм дастаи мунтахаби Қатар бо 6 имтиёз дар гурӯҳ мақоми аввалро соҳиб шудааст. Дастаи мунтахаби Чин бо 2 имтиёз дар мақоми дуюм ва дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Лубнон бо 1-имтиёзӣ дар мақомҳои сеюму чаҳорум қарор гирифтаанд.
Бояд гуфт, ки аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз байни ҷойҳои сеюм ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






