ҶОМИ ОСИЁ-2023. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа чӣ миқдор даромад ба даст оварда метавонад?

Январь 11, 2024 10:57

ДУШАНБЕ, 11.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Маблағи умумии ҷоизаҳои Ҷоми Осиё, ки 12 январи соли равон дар Қатар оғоз мегардад, 14,8 миллион долларро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб дар он соҳиби 5 миллион доллар мешавад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар умум дастаҳои иштироккунандаи Ҷоми Осиё ба ин тарз маблағ ба даст меоваранд:

Ғолиби мусобиқа 5 миллион доллар, иштироккунандагони даври ниҳоӣ 3 миллион доллар, иштирокунандагони даври нимниҳоӣ 1 миллион доллар ва ҳар дастаи иштирокдори Ҷоми Осиё бо 200 ҳазор доллар сарфароз мегардад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бори нахуст аст, ки дар Ҷоми Осиё иштирок менамояд.

Хотиррасон мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввали марҳилаи гурӯҳӣ 13 январ бо дастаи мунтахаби Чин дар варзишгоҳи «Абдулло бин Халифа» рақобат менамояд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ 17 январ бо мизбони мусобиқот- дастаи мунтахаби Қатар дар варзишгоҳи бошукӯҳи «Ал-Байт» ва 22 январ бо дастаи мунтахаби Лубнон дар варзишгоҳи «Ал-Тумама» –и шаҳри Давҳа рақобат менамояд.

Ҷоми Осиё – 2023 дар Қатар аз 12 январ то 10 феврал байни 24 дастаи мунтахаб баргузор мегардад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 11, 2024 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад