ҶОМИ ОСИЁ-2023. Имрӯз бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Қатар баргузор мешавад

Январь 17, 2024 09:41

ДУШАНБЕ, 17.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 17 январ дар варзишгоҳи «Ал-Байт»-и Давҳа дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023  бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қатар баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.  

Бозӣ соати 19:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 бо либосҳои сафед ва тими Қатар бо  либосҳои қирмизӣ  бозӣ менамоянд.

Имрӯз инчунин дар даври дуюм дар гурӯҳи чаҳоргонаи «А» бозии дастаи мунтахаби Чин бо дастаи Лубнон доир мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар қисми финалии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «А», ки дар Қатар идома дорад, дар бозии аввал бо дастаи мунтахаби Чин мусовӣ бозӣ намуд.

Бозӣ ин дастаҳои мунтахаб 13 январ дар варзишгоҳи «Абулло бин Халифа»-и шаҳри Давҳа баргузор шуда, бо натиҷаи мусовии 0:0 анҷом ёфт.

Дастаи мунтахаби Қатар дар даври аввал бо ҳисоби 3:0 дастаи мунтахаби Лубнонро шикаст дода буд.

Дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқот 22 январ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби яккачини Лубнон рақобат менамояд.

Аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз байни ҷойҳои сеюм ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 17, 2024 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд