ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба он конференсия доир гардид
ДУШАНБЕ, 03.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таҳти унвони «Паёми Пешвои муаззами миллат – ҳидоятномаи маърифатпарварона ба зиндагонии шоиста» конференсияи илмӣ – амалӣ доир шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар медиҳад.
Дар конференсия таъкид гардид, ки Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Паёми Президенти Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун дастури созанда ва ҳуҷҷати роҳнамо дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати татбиқи самараноки он аз тамоми имконият истифода мебарад.
Гуфта шуд, ки ин навбат низ дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи рушди илму маориф аз мавзуъҳои меҳварӣ буд. Тавре Президенти мамлакат таъкид доштанд, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад. Омода намудани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсил, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ, инчунин ҳамқадами замон таълиму тарбия намудани донишҷӯён вазифаи муҳимтарини ҳар кадоми мо маҳсуб мешавад.
Дар конференсия мавзуъҳои «Моҳияти сиёсиву ҳуқуқии Паёми Президенти ҷумҳурӣ», «Иқтисоди рақамӣ дар Паёми Президенти Тоҷикистон», «Паём ва рушди фарҳангу маорифи миллӣ» баррасӣ гардиданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров








Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд






