Паёми Президенти Тоҷикистон дар назди халқ ҳисоботдиҳанда будани ҳокимияти давлатиро ифода менамояд

Январь 3, 2024 14:14

ДУШАНБЕ, 03.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба нишони ҳамовозӣ ва дастгирии комил аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба идораи АМИТ «Ховар» аз номи шахсони гуногункасб мақолаҳои бешумор ворид шуданд. Дар мақолаи муовини  Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Карим Каримзода, ки ба идораи АМИТ «Ховар» ворид шудааст, чунин омадааст: «Масъала ва проблемаҳои дар Паёми   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфташуда бо паёмҳои пеш алоқамандӣ дошта, паёми кунунӣ аз онҳо сарчашма мегирад. Ба ибораи дигар, масъала ва дастуру супоришҳое, ки дар паёмҳо гузошта мешаванд,  ҳамеша актуалӣ буданд, ҳастанд ва инчунин боқӣ мемонанд».

Дар идомаи матлаб Карим Каримзода нигоштааст, ки “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамеша таваҷҷуҳи сокинони мамлакат ва коршиносонро ба худ ҷалб менамояд. Чунин таваҷҷуҳ  ба Паёми Президенти Тоҷикистон бесабаб нест. Он аз як тараф, агар аз аҳамияти хосса касб намудани Паём ҳамчун ҳуҷҷати му­ҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ша­ҳодат диҳад, аз тарафи дигар, як навъ ҳисоботи Сарвари давлат дар назди халқи Тоҷикистон аст, ки ҳамасола Пешвои миллат дар назди ва­ки­лони Маҷлиси намоян­дагон, аъзои Маҷлиси миллӣ, аъзои Ҳукумат ва намояндагони ҷомеа суханронӣ намуда, ҳолат ва дурнамои рушду таҳкими самтҳои асо­сии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо таҳлилҳои мушаххаси илмию амалӣ ба диққати аҳолии мамлакат мерасонад».

Баъдан, Паём як навъ алоқамандии мутақобилаи ҳокимият ва ҷомеаи То­ҷи­кистон аст, ки инъикоси ба халқ тааллуқ доштани ҳокимият ва дар назди халқ ҳисоботдиҳанда будани ҳокимияти давлатиро нишон медиҳад.

Алоқамандии мутақобилаи Паём инчунин дар он зоҳир мегардад, ки баъди пешниҳоди он садҳо нафар олимону коршиносони соҳаҳои гуногуни илм ва хоҷагии халқи мамлакат, хизматчиёни давлатӣ ва намояндагони та­ба­қаҳои гуногуни ҷамъиятӣ нуктаҳои гуногуни Паёмро, ки ба фаъо­лияти ин ё он соҳа  талалуқ доранд, бо истифода аз усули муқоиса таҳлил намуда, тафсири паҳлуҳои онро баён менамоянд.

Аҳамияти бузурги сиёсӣ ва иҷтимоии Паём дар он аст,  ки он бо диди мас­ъалаҳо, таҳлил ва тартиби гузориши онҳо, вазъи соли ҳисоботӣ,  пеш­гӯиҳои рушди иқтисодию иҷти­моӣ ва вазифагузориҳо барнома ё дур­намои му­каммали фаъолияти дав­латро дар давраҳои муайян ва оянда пешниҳод менамояд. Ҳамчунин оид ба самтҳо ва авлавияти соҳа­ҳои иқ­тисодиву иҷтимоии мамлакат, азму талошҳо барои муҳайё сохтани ша­роити зиндагии шоиста ба ҳар сокини мамлакат, ҳалли саривақтии масъ­алаҳо вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳои дурнамоҳо манзур мегарданд.

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар партави тайёрӣ ба ҷашни 35-со­лагии Ис­тиқлоли дав­­латии Ҷум­ҳурии То­ҷикистон пешниҳод гардид. Со­ҳиб­ис­тиқ­лолӣ дар таърихи  ташак­кули дав­лати миллӣ, фарҳанги дав­лат­дорӣ, фар­ҳанги сиёсӣ, ташаккули сифатан нави андешаи миллӣ, ҳу­вияти миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ нақши асосӣ дорад.

Дар симои вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллӣ ба мардуми Тоҷикистон бо Паём муроҷиат намудани Президенти Тоҷикистон худ падидаи на­ви конститутсионии замони ­соҳиб­истиқ­лолӣ маҳсуб мешавад. Дар навбати худ ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба Паёми Пешвои миллат шукуҳи сиёсӣ ва иҷтимоӣ, руҳбаландӣ, руҳияи созандагиву бунёдкорӣ зам менамояд. Аз ин рӯ Паём ҳамчун ҳуҷҷати барномавии давлатӣ, ки сиёсати пешгирифтаи давлат ва ҳукумати мамлакат дар он иф­­­­шо мегардад, аз маркази диққати сокинони  мамлакат дур буда на­ме­та­вонад.

Масъалаи муҳиме, ки пайваста дар паёмҳои  Пре­зи­денти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад ва ин дафъа низ ба­ланд са­до дод, ин нақш ва мавқеи ҳуқуқ дар давлат, низоми сиёсӣ ва иҷ­тимоӣ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ин  падидаи муҳими сиёсию иҷтимоӣ  бо дарк ва фаҳмиши баланди масъала ва проб­лема ҳарф зада, онро ҳамчун

а) унсур,

б) сар­чашма,

в) омил ва роҳу механизми асосии таъмини иҷрои стратегия ва бар­но­маҳои давлатӣ, нигаҳдории муназзам ва бо­эъ­тимод, инчунин сарчашмаи суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат арзёбӣ намуданд.

Воқеан ҳам ҳуқуқ таъминкунандаи адолати иҷтимоӣ дар давлат аст, неруе аст, ки тавассути он қоидаи рафтори давлат ва мақо­моти давлат ҳамчун  унсури сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, қоидаи раф­тори ҷомеа ва шахс дар чорчӯбаи муайян, ки ҳуқуқ ном мебаранд, муайян шудааст.

Ҳуқуқ ҳама вақт иродаи синфи муайян, элитаи сиёсӣ, халқ, ҷомеа ва давлатро ифода менамояд. Ҳуқуқ ҳамчунин қоидаи рафтори барои ҳама ҳатмиро муайян месозад. Умумиҳатмӣ будани он муҳимтарин аломати ҳуқуқ мебошад.

Аломати дигари ҳуқуқ он аст, ки ҳуқуқ аз тарафи давлат ҳифз  ва таъмин мешавад.

Ҳамин аломатҳои муҳими ҳуқуқ ва нақши калидии он дар рушди давлат ва ҷомеа мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ бори дигар бо дахл ба ҳуқуқ таъкид намуданд, ки «таъмин намудани рушди устувор ва босуръати мамлакат танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷониба талаб менамояд. Қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад. Аз ин рӯ, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бояд тамоми саъю кӯшиши худро ба ин самт равона созанд. Зимнан, хо­тирнишон менамоям, ки дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилшудаи мамлакат натиҷаи қонунҳои таҳия ва қабулнамудаи парламенти мамлакат мебошад».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маърузаву суханрониҳо ба масъалаҳои гу­но­­­гуни конститутсионӣ, меъёру принсипҳои он, ки дар Конститутсия эълон шудаанд, дар робита ба рушди давлату давлатдорӣ рӯ меоранд.  Истинод овардан ба мафҳумҳои конститутсионӣ сатҳи баромаду маъруза ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро боз ҳам арзишмандтар, қавитар, ман­­тиқдор, таъсирбахш ва бо далелҳои муътамад мустаҳкам мегардонад.

Чунончӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки  «бояд гуфт, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолат­парвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад».

Ибораи «бунёди ҷомеаи адолат­парвар» маф­ҳуми конститутсионӣ буда, он дар дебочаи Конс­ти­тутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ ёфта, ҳамчун вазифа ва мақсади ниҳоии халқи Тоҷикистон  эътироф шудааст.

Муносибати хирадмандона ва некбинонаи Президенти Тоҷикистон ба Конситутсия ва ҳуқуқ ҳамчун зу­ҳуроти муҳимтарини ҷамъиятӣ ва давла­тӣ, бешак, намунаи олии давлату давлатдорӣ буда, барои ҳар сиёсат­мадор, роҳбар, махсусан хизматчиёни давлатӣ ва намояндагони дигар касбу кор намунаи ибрат аст.

Ҳамин аст, ки дар пайвастагӣ ба Конститутсия ва ҳуқуқ риояи қатъии онҳо ва тарбияи баланди худшиносиву худогоҳии ҷомеа, ки бе  бо­ло бурдани фарҳанги конститутсионӣ ва маърифати ҳуқуқӣ ғайри­им­кон аст, дастуру супоришҳои ҳамешагии Роҳбари давлат ба шумор мераванд.

Боварии комил ҳаст, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 баҳри боз ҳам баланд рафтани сатҳи фарҳанги конститутсионӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷомеаи Тоҷикистон, ки ҷомеаи мо ба он сахт ниёз дорад, нақши назаррас мегузорад. Ҷашни 30-солагии қабули Конститутсияи мамлакат дар Соли  маърифати ҳуқуқӣ бо амалҳо ва қоидаи рафтори созандаи тамоми қишр­ҳои ҷомеа бо шукуҳу тантана дар фазои тинҷиву оромӣ ва шукуфоии Ватани азиз баргузор мегардад.

Карим КАРИМЗОДА,
муовини Раиси Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 3, 2024 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ашт мониторинги эпидемиологӣ гузаронида шуд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон сабаби ба амал омадани тумани рӯзҳои охирро шарҳ дод
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тарбия аз оила сарчашма мегирад» муайян шуданд
Ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология таҷҳизоти сейсмикӣ ва озмоишӣ супорида шуд
Дар Осорхонаи миллӣ намоиши хайриявӣ баргузор гардид
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин мулоқот намуд
Мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ
Дар шаҳри Риёз ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба пешгирии никоҳи бармаҳал ва ҷалби духтарон ба касбомӯзӣ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ба Дилдора Азимова дода шуд
Ҳунармандони шаҳри Кӯлоб дар озмуни «Ҳунарманди сол» сазовори баҳои баланд гардиданд