Президенти Тоҷикистон бо нигаронӣ изҳор доштанд, ки қонуни ҳифзи муҳити зист таҷдиди назар гардад
ДУШАНБЕ, 25.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 январ дар маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат аз риоя нагардидани тозагии муҳити зист дар шаҳру навоҳии мамлакат изҳори нигаронӣ намуда, иброз доштанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» таҷдиди назар гардида, нисбат ба шахсоне, ки дарахту буттаҳоро беасос мебуранд, табиатро хароб месозанд, инчунин нисбат ба ронандагону мусофироне, ки ба табиат, аз ҷумла шафати роҳҳо партов меандозанд, меъёрҳои ҷазои сахт ворид шаванд.
Ҳамчунин зарур аст, ки аз берун ба шаҳри Душанбе ворид шудани ҳама гуна воситаҳои нақлиёте, ки намуди зоҳирии ифлос дошта, симои пойтахти мамлакатро коста мегардонанд, воситаҳои нақлиёте, ки газҳои зараррасони ихроҷкунандаашон аз меъёри муқарраргардида зиёд мебошад, инчунин дар ҳудуди пойтахт ҳаракати мошинҳои боркаше, ки масолеҳу борҳои интиқолшавандаи онҳо бо чодари махсус пӯшида нашудааст, қатъиян манъ гардад.
«Роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро вазифадор менамоям, ки дар муҳлати шаш моҳ тозагиву озодагии иншооту биноҳо, ташкилоту муассисаҳо, кӯчаву хиёбонҳоро то манзили истиқоматии ҳар оила ва то дурдасттарин деҳоти мамлакат таъмин намоянд. Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ баъди ин муҳлат иҷрои супоришро ҳамаҷониба санҷида, ба Роҳбари давлат гузориш пешниҳод созад. Дар сурати ошкор гардидани камбудиҳо доир ба иҷрои ин супориш роҳбарони ҳудуди дахлдор бетаъхир аз вазифа озод карда мешаванд», -таъкид намуданд Сарвари давлат.
«Имсол сафари расмии роҳбарони якчанд давлати хориҷӣ ба Тоҷикистон ва чорабиниҳои байналмилалӣ бо иштироки сарони даҳҳо давлати ҷаҳон ба нақша гирифта шудааст. Вобаста ба ин зарур аст, ки ба масъалаи сабзкории пойтахт, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва суръат бахшидани ободкориву созандагии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат эътибори боз ҳам бештар дода шавад», изҳор намуданд Президенти мамлакат.
АКС аз бойгонӣ








Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






