САДА — ҶАШНИ ГАРМИИ МЕҲР ВА ОҒОЗИ РӮЙДОДҲОИ НАВИ ЗИНДАГӢ. Мулоҳизаҳои ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммад Абдураҳмон

Январь 28, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 27.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 22 декабри соли 2017 таъкид гардида буд, ки «суннату оинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар давоми таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат намудаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардида, нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд». Ёдовар шудааст ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммад Абдураҳмон дар мақолае, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол намудааст.

— Дарвоқеъ, таҷлили ин ва дигар ҷашнҳои суннатию анъанавии миллати кӯҳанбунёди мо бо ибтикори Пешвои муаззами миллат дар замони соҳибистиқлолӣ аз нав эҳё гардида, ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардида, моҳият, зарурат ва муҳиммияти онҳо барои мардумони мо аз нав баррасӣ шудааст.

Ҷашни Сада дар замони соҳибистиқлолӣ бори аввал 30 январи соли 2018 ба таври расмӣ дар мамлакати мо таҷлил гардид. Аммо таърихи он ва дигар анъанаҳои ниёгон хеле кӯҳан ва тулонӣ мебошад.

Дар бораи Сада ривоятҳои мухталифи таърихӣ, ҳикояву хотираҳои зиёде мавҷуд аст. Аз «Шоҳнома»-и Ҳаким Абдулқосим Фирдавсӣ, ки дар он асосгузори ҷашни Сада шоҳи сулолаи Пешдодиён — Ҳушанг паҳлавон мебошад, то «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунию «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ва дигар сарчашмаҳои таърихии бузургонамон баҳсу мунозира ва фикру андешаҳои зиёде дар бораи ин ҷашн баррасӣ гардидааст.

Аммо моҳияти асосии ин ҷашн арҷгузорӣ ба оташи пок, гармӣ ва рӯшноӣ мебошад, ки он ба поён расидани чиллаи хурд ва омад-омади баҳори хуҷастапай далолат менамояд. Яъне замони падруд ба зимистон ва оғози таёрӣ ба кори замину деҳқонӣ сар мешавад. Маълум аст, ки фарорасии чашни Сада ба рӯзи 30 январ рост меояд, ки вобаста ба тағйироти иқлим ва дигаргуниҳои замони муосир хусусиятҳои худро дорад. Мувофиқи ақидаи таърихнигорону вожашиносон «Сада» вожаи тоҷикӣ буда, маъноро аз шумораи «100» гирифтааст. Яъне ин ҷашн пас аз сад рӯзи ҷамъоварии ҳосили хоҷагии деҳқон ва панҷоҳ рӯз то оғози расидан ба Наврӯзи хуҷастапай рост меояд, ки онро саҳеҳан 50 шабу 50 рӯз ҳисоб намуда, Сада мегӯянд.

Бузургии ин ҷашн дар он аст, ки ба ягон дину мазҳаб иртиботе надошта, мардумро ба муттаҳидӣ ва фаъолнокии меҳнатӣ сафарбар менамояд. Дар тақвияти ин гуфтаҳо Ризои Муродӣ мегӯяд, ки «ҷашни Сада ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ як аз ақвом ё адёни бостон иртиботе надошта ва ҳамвора ҷашни ҳамагонӣ ва баргирифта аз шароити иқлимӣ ва рӯйдодҳои кайҳонӣ будааст».

Воқеан, ҷашнҳои қадимаи Сада, Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон ҳамеша ҳамсафари мардумони ориёитабор буда, дар онҳо расму оинҳои қадимаи гузаштагонамон таҷассум гардидааст, ки барои нигоҳ доштани хотираи таърихӣ ва таҳкими давлатдорӣ нақши босазое доранд.

Эҳёи ин ҷашни қадимаи ниёгон дар худ василаи сафарбарнамоӣ ва муттаҳидкуниро дорад, ки мардумро ба тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ва покзозию таёри дидан ба айёми кишту кор омода менамояд. Ҳамзамон Садаро ҷашни гармии меҳр ва оғози рӯйдодҳои нави зиндагӣ хонда, аз замони Ҳушангпаҳлавон мардум дар қатори деҳқонию хоҷагидорӣ рӯзҳои нави майдондорию паҳлавониро низ оғоз менамуданд.

Новобаста аз оне, ки то замони соҳибистиқлолӣ баъзе монеаҳо барои таҷлили ин ҷашҳо мавҷуд буд, аммо мардуми тоҷик бештар дар кӯҳистон ин ҷашнҳоро дар шакли дигар ҷашн мегирифтанд. Масалан аз оғози ҷашни Сада то иди Наврӯз ва баъдан то моҳи май дар бисёр гӯшаҳои Тоҷикистон маъракаҳои гӯштингирӣ ва майдондорӣ сар мешуд, ки нишонаи таҷлили ҷашнҳои ниёгон буд. Яъне аз зеҳну тафаккур ва хотираи таърихии мардуми мо ин ҷашнҳои мондагор дур нашуда буданд.

Мавриди тазаккур аст, ки дар солҳои 70-уми асри гузашта аксари паҳлавонони маркази ҷумҳуриамон, хусусан паҳлавонони Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва дигар ноҳияҳо дар ин ҷашнҳо барои санҷидани қувваи ҷисмонии худ ба ноҳияҳои баландкӯҳ рахти сафар мебастанд, ки ин яке аз нишонаҳои ҷашнгирии Сада ва Наврӯз ба шумор мерафт.

Имрӯз бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имконият барои эҳё намудан ва дар амал татбиқ намудани ҷашнҳо ва арзишҳои миллӣ муҳайё шудааст. Мо бояд онҳоро барои ривоҷу равнақи минбаъдаи рушду инкишофи давлати миллиамон ва таблиғ дар арсаи байналмилалӣ истифода намоем. Сада аз қабили бузургтарин ҷашнҳое мебошад, ки имконияти аз сарди ба гармӣ аз торикӣ ба рушноиро дошта, мардумро ба руҳияи нав, эҳсосӣ нав ва баракати нави зиндагӣ роҳнамоӣ менамояд.

Муҳаммад АБДУРАҲМОН,
ноиби Президенти АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор

АКС аз бойгонӣ

Январь 28, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шибит давои хуб барои бемориҳои узвҳои ҳозима аст
«БОЗ ДАР ГӮШАМ РАСАД САВТУ НАВОИ ШАШМАҚОМ». Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи шашмақом таҷлил мегардад
«ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА». Бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барнома доир мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъати тоза пайдо намудааст
РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Ба ифтихори ин шоҳасари мусиқӣ консерти бошукуҳ баргузор мегардад
««ШОҲНОМА»- МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ ВА ПАРЧАМИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ. Андешаҳо оид ба таъсири «Шоҳнома» ба эҷодиёти Лоиқ Шералӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хӯрдани сирпиёз масунияти баданро боло бурда, пиршавиро пешгирӣ менамояд
Фарҳангиёни Тоҷикистон бояд дар зеҳни ҷавонон тафаккури солими миллиро инкишоф дода, Ваҳдати миллиро таҳким бахшанд
«ДУРНАМОИ РУШДИ МУСИҚИИ СУННАТИИ ХАЛҚҲОИ ШАРҚИ НАЗДИК ВА МИЁНА ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ». Таҳти чунин унвон фестивал-симпозиум доир гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб доир ба пос доштани либоси миллӣ ҳамоиш доир гардид
Дар Саразм бостоншиносони тоҷик ва фаронсавӣ интизори кашфиёти нав ҳастанд
Дар Душанбе Фестивал — симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» баргузор мегардад