САДА ДАР ХАТЛОН. Кишоварзони вилоят дар ин ҷашн намоиши ниҳол ва гулу буттаҳои мавсимиро ташкил намуданд

Январь 22, 2024 10:01

ДУШАНБЕ, 22.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон ҷашни Сада бо риояи анъанаҳои ниёгон — афрӯхтани гулхани рамзӣ, намоиши ниҳоли дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ, гулу буттаҳои мавсимӣ, техникаҳои кишоварзӣ, оростани дастархони идона, базму тараб таҷлил гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Иброз гардид, ки мояи ифтихору шодмонист, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат, маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар мегардад.

Маҳз Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаю созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷашни Сада дубора эҳё гардида, шаҳомату азамати худро барқарор намуд.

Ҳамасола дар ин айём мардуми Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Сада дар баробари гулханафрӯзию омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, инчунин аз ҳавлию хонаҳо ашёҳои нодаркорро берун намуда, ба тозаву озода гардонидани манзилу гирду атроф ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ баҳри пешвози Наврӯзи ҳуҷастапай машғул мешаванд.

Дар ҷашнгоҳ намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят беҳтарин намунаҳои маҳсулоти кишоварзӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, анвои мухталифи таомҳои миллӣ, қаннодӣ, ниҳолу дарахтони мевадиҳанда ва ороиширо ба маърази тамошо гузоштанд. Ҳамзамон занону ҳунармандон бо пешниҳоди намунаҳо аз маҳсули дастони худ, ки муаррифии ҳар як халқу миллат маҳсуб мегардад, фаъолона иштирок намуданд.

Роҳбарияти вилояти Хатлон бо намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, дарахтону гулҳои гуногуни ороишӣ, таомҳои миллӣ ва маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои саноатӣ шинос гардид.

Дар чорабинӣ пешқадамони соҳаи кишоварзии вилоят, аз ҷумла пахтакорон, асалпарварон, чорводорон, полезкорон, пилапарварон, парандапарварон ва дигар фаъолони комплекси агросаноатӣ бо «Ифтихорнома» ва мукофотҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 22, 2024 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд