«САДА ДАР ТОҶИКИСТОН». Доир ба ин ҷашни ниёгон рисолаи нави илмӣ ба нашр расид

Январь 27, 2024 14:53

ДУШАНБЕ, 27.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Рисолаи нави илмӣ, ки «Сада дар Тоҷикистон» ном дорад, ба қалами академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва профессор Равшан Раҳмонӣ тааллуқ дошта, зери назари президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Қобилҷон Хушвахтзода ба нашр расидааст.

Рисола аз 172 саҳифа иборат буда бо гуфтаҳои зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз мешавад: «Ба шарофати истиқлолияти давлатии Тоҷикистон суннату анъанаҳои бостонӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашнҳои миллии халқи куҳанбунёдамон эҳё гардида, имрӯз дар ҳаёти мардуми мо ҷойгоҳи арзишманд пайдо намудаанд. Сада ҳамчун яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик аз ҷумлаи ҳамин ойинҳои эҳёшудаи мо буда, дар ҳамаи манотиқи мамлакат  таҷлил мешавад».

Китоб аз сарсухан ва бахшҳои “Эҳёи ҷашни Сада дар Тоҷикистон”, “Оид ба вожаи Сада ва ҷашнгирии он”, “Сада – ҷашни пешазориёӣ ва пайвастагии он бо оташ”, “Ялдо, шаби чилла ва ҷашни Сада”, “Сада – ҷашни чиллаи хуршед, устураву ривоятҳо”, “Сада ва оташ дар оинҳои мардумӣ”, “Сада дар ашъори шоирон классик”, “Сада дар ашъори шоирони муосири тоҷик”, “Сада дар ашъори шоирони ҳамзабон”, “Хулоса” ва “Китобнома” иборат мебошад

Ҷолиб аст, ки муаллифон таърихи пайдоиши ҷашни Садаро ба чархиши Офтоб вобаста намудаанд. Ба гуфти онҳо, устураҳо ва ривоятҳои солшуморӣ ё гоҳшумории ниёгони ориёҳо бо мурури замон сабабгори пайдоиши оинҳои ва ҷашнҳои Ялдо (шаби чилла), Сада, Ифандорҷашн (ҷашни модар), Наврӯз, Тиргон, Меҳргон шудаанд.

Нигорандагон воқеъбинона эҳёи ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Садаро ба ташаббусҳои фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат пайванд медонанд. Дар ин хусус бо далелҳо дар бахши «Эҳёи ҷашни Сада дар Тоҷикистон» сухан гуфтаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, ки «…зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд».

Тибқи ишораи муаллифони рисола, «дарвоқеъ ин гуфтаи Пешвои миллат амалӣ гардид. 6 декабри соли 2023, дар сессияи 18-ум Кумитаи байнидавлатӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Касане, Ҷумҳурии Ботсвана баргузор шуд, номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон «Ҷашни Сада» ба феҳристи мероси ғайримодии башарият ворид шуд».

Муаллифон дар бахши “Оид ба вожаи Сада ва ҷашнгирии он” бо мисолҳо дар асоси луғатномаҳо ва сарчашмаҳои гузашта, ба мисли “Авесто”, забони санскрит ба таври қонеъкунанда бар пояи гуфтаи М.Байҳақӣ, А.Берунӣ, А.Деҳхудо, Ҳ.Тақизода, М.Баҳор, Ҷ.Дӯстхоҳ, А.Кристенсен, Ҳ.Разӣ ва дигарон ба собит расонидаанд, ки Сада аслан ҷашни чиллаи хуршед буда, баъдан дар байни мардум устураҳо ва ривоятҳои зиёд ба вуҷуд омадааст. Муҳаққиқон дар бахши “Сада – ҷашни пешазориёӣ ва пайвастагии он бо оташ” аз иқтибосҳо оварда, бо такя ба гуфтаи устурашиносни машҳур Меҳрдоди Баҳор ба чунин натиҷа расидаанд:

“Мувофиқи гуфтаи Баҳор, Сада ба рамзҳои оташ, хуршед ва рӯшноиву торикӣ иртибот доштанро дар худ таҷаллӣ менамояд ва он хоси эътиқодоти одамони пешин буда, дар он ормонҳои ибтидоии гузаштагон ниҳон мебошад. Ба ин ҷиҳат бо такя ба андешаҳои мантиқии Баҳор, Сада ҷашнест, ки хуршед пас аз чил рӯзи зимистон ба таври пурра зоҳир мешавад. Маҳз аз ҳамин зоҳиршавии чилрӯза, тибқи оинҳои бостонӣ, ниёгони мо хушҳол мешуданд ва онро ҷашн мегирифтанд. Чунки пас аз зода шудан хуршед бештар зоҳир мешуду заминро гармтар мекарду одамон ба кишту кор, ба баҳор, ба Наврӯз надиктар мешуданд.”

Дар бахшҳои дигари рисола- “Ялдо, шаби чилла ва ҷашни Сада”, “Сада – ҷашни чиллаи хуршед, устураву ривоятҳо”, “Сада ва оташ дар оинҳои мардумӣ” ба таври муфассал хусусияти назарраси ҷашни Садаро баён намуда, хонандаро бо далелҳои илмӣ роҳнамоӣ менамоянд, ки гузаштаи ҷашни Садаро беҳтар дарк намояд. Муаллифон барои таҳкими андешаҳо аз мардумшиносону шарқшиносони кишварҳои гуногуни олам, ба гунаи И.В.Рак, Э.Б.Тайлор, С.А.Токарев, Э.Бертелс, С.Ҳидоят, М.Бойс, Иброҳим Шукрузода, Ж.Дюмезил, Х.Шарифзода, М.Ёҳақӣ, Анна Красноволска ва дигарон мисолҳо меоранд ва назари худро кӯшиш менамоянд, ки ба исбот расонанд.

Муҳаққиқон дар бахшҳои “Сада дар ашъори шоирон классик”, “Сада дар ашъори шоирони муосири тоҷик”, “Сада дар ашъори шоирони ҳамзабон” намунаҳо аз шеърҳое меоранд, ки ҳама ба Сада вобаста буда, шоирон нисбат ба ин ҷашн эҳсоси удро баён намудаанд.

Дар ҳашт банди хулосаи рисола натиҷаҳои илмии муаллифон баён шудааст: “Дар оянда хуб мешуд, ки дар вақти маросими ҷашни Сада суннатҳои ин ҷашни мардумӣ бештар талқин гарданд, ки қисме аз онҳо ба замони мо низ мувофиқ аст. Аз ҷумла, мардум метавонанд дар ҳамин рӯз, ба хотири ҷашни Сада бо ҳам биёянд, базм ороянд, хурсандӣ намуда, дар боғҳои истироҳатӣ чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил намоянд. Инчунин намоиши фурӯши ниҳолу дарахтон ва гулу гулбутаҳоро боз ҳам бештар ташкил намуда, мардумро ба дарахтшинонӣ ва гулшинонӣ даъват созанд. Ба калонсолон, пиронсолон, ятимону барҷомондагон кумак расонида, ба аёдати беморон раванд ва онҳоро дилбардорӣ созанд. Дастархони хоксоронаи идона оро дода, дар он меваҳои табиӣ гузоранд ва шукрона аз сулҳу субот намоянд. Ба хонаи ҳамсоягони худ ба қадри имкон ҳадя фиристанд. Дар назди ҳавлӣ ва хонаҳои худ дарахту гул шинонанд, ба тоза кардани боғистону ҷӯйҳову дарахтон ва муҳити зист машғул шаванд, ҳавлиҳои худро тоза намоянд, ба таври рамзӣ гулхан афрӯхта, аз ҳамаи кудуратҳо, бадиҳо худро раҳо созанд ва ҷӯю заҳбурҳоро тоза намуда, дар қади роҳҳо дарахт шинонад. Бо ҳамдигар бо меҳр салом диҳанд, хурдсолон ва наврасонро ба меҳнат ҷалб намоянд, аз ҳавлӣ ва хонаҳо чизҳои нодаркор, партовҳоро берун карда, ба тоза намудани онҳо машғул шаванд. Бегоҳ либоси тоза ба бар карда, зиёфати хонаводагӣ ва ё суфраи ҷашни Садаро оро диҳанд. Хуб мешуд, ки дар ин суфра бобою бибӣ, падару модар, хоҳару бародар, хешу таборони наздик ба ҳам ҷамъ оянд, дар боби дӯстию рафоқат, одаму одамгарӣ, хайру саховат, эҳтироми якдигар суҳбат ороста, хурсандӣ ва базму бозию шӯхӣ намоянд. Якдигарро табрик намуданро фаромӯш насозанд. Аз меваҳои барои зимистон нигоҳдошта ширинӣ ва шарбат тайёр намуда, дар хони идона гузоранд».

Ба гуфти муаллифони китоб, «Садаро бояд чунин пешвоз гирифт, ки мардум гӯё ҳама ба истиқболи хуршеди оламтоб мераванд».

Хуб аст, ки баъди эҳёи ҷашнҳои бостони мо ҳар сол муҳаққиқон дар бораи онҳо мақолаҳо ва рисолаҳо навишта, паҳлуҳои наву тозаи онҳоро маврди пажуҳиш қарор медиҳанд.

Қарор МУҲАММАДИЗОДА,
дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

АКС аз бойгонӣ

Январь 27, 2024 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар самти таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ густариш меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои директорони осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ иштирок намуд
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ». Дар Ҷумҳурии Арабии Миср намоиши байналмилалӣ ифтитоҳ ёфт