«САДА-РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛАТИ КУҲАН». Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ ва намоиши кишоварзӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Сада таҳти унвони «Сада – рамзи фарҳанги миллати куҳан» ҳамоиши илмӣ – назариявӣ доир гардид. Қабл аз ҳамоиш намоиши гулу буттаҳои ороишию мавсимӣ, ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, оростани дастархони идона, олоти кории кишоварзӣ, тухмии зироат ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, ба намоиш гузошта шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Гуфта шуд, ки ҷашни Сада аз омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, покиза намудани кӯчаву хонаҳо, кандану тоза намудани ҷӯю заҳбурҳо пайк медиҳад. Дар гузашта сокинони шаҳр ва рустоҳо барои оташафрӯзӣ ҳезум ҷамъ оварда, гулхани бузург меоростанд ва аз болои оташ парида, дар гирди он давр гаштаву сурудхонон мерақсиданд. Дар натиҷа, меҳру муҳаббат, якдилӣ, дӯстиву рафоқати одамон зиёд мегардид.
Таҷлили ҷашнҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷумла Сада аҳамияти калони тарбиявию ватандӯстӣ дорад. Сада панҷоҳ шабонарӯзро то фарорасии Наврӯз дар бар гирифта, аз наздик омадани фасли баҳору оғози корҳои кишоварзӣ мужда мерасонад.
Ҳамзамон иброз гардид, ки Сада яке аз ҷашнҳои пуршукуҳи ниёгон, нишоне аз фарҳанг ва такягоҳу пуштибони таърихи дури тоҷикон, ҷашни тавъам ба кайҳону солшуморӣ ва кишту кишоварзӣ мебошад.
Таъкид шуд, ки маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаю созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада дубора эҳё гардида, шаҳомату азаматашро барқарор намуд.
Ҳамасола дар ин айём мардуми мамлакат бахшида ба ҷашни Сада дар баробари гулханафрӯзию омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, инчунин аз ҳавлию хонаҳо ашёи нодаркорро берун намуда, ба тозаву озода гардонидани манзилу атроф ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ба пешвози Наврӯзи ҳуҷастапай машғул мешаванд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид






