«САНЪАТ БИДУНИ МАРЗ». Расмҳои кӯдакони Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ дар Ҷопон ба намоиш гузошта шуд

Январь 27, 2024 13:48

ДУШАНБЕ, 27.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Ҷопон — шаҳри Токио Намоишгоҳи 21-уми байналмилалии «Санъат бидуни марз» оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон.

Намоишгоҳи байналмилалии «Санъат бидуни марз» ҳамасола бо ташаббуси Ҷамъияти Ҷопон -Авруосиё баргузор мегардад.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Мирзошариф Ҷалолов иштирок намуда, сухан гуфт.

Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Санъат бидуни марз» дар радифи расмҳои кӯдакони даҳ давлати ҷаҳон тасвирҳои мактаббачагони Тоҷикистон низ ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон

Январь 27, 2024 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад