Соли 2023 дар ноҳияи Фирдавсӣ 3937 нафар ба сафи ҲХДТ пайваст

Январь 13, 2024 13:02

ДУШАНБЕ, 13.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе то 1 январи соли 2024 дар 214 ташкилоти ҳизбӣ 17 ҳазору 604 нафар аъзои ҳизбро муттаҳид намудааст. Соли 2023 дар ҳудуди ноҳия 12 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд. Ин нуктаро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён зимни ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иброз намуд

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Муслим Усмонзод хабар медиҳад, дар ҷаласа фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар соли 2023 натиҷагирӣ гардида, барои соли 2024 вазифаҳо гузошта шуданд.

Таъкид гардид, ки таъсиси ташкилоти ҳизбӣ дар меҳвари фаъолияти ҳзиб қарор дошта, ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани мавқеъ ва нуфузи ҳизб дар ҷомеа мусоидат менамояд.

Гуфта шуд, ки соли 2023 Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Комиссияи кор бо занон ва оила ва Шурои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-ро таъсис дод, ки дар баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ ва пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, инчунин татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон саҳм хоҳанд гузошт.

Ҳамзамон дар ҷаласа фаъолияти Комиссияи кор бо занон ва оила ва Комиссияи таҳлилӣ ва кор бо воситаҳои ахбори оммаи назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар соли 2023 шунида шуд.

Иброз гардид, ки дар ҷаҳони мутамаддин идеология ба силоҳи асосии мубориза дар ҳама ҷанба табдил ёфта, дар сурати оқилона ва фаврӣ истифода шудан ғолибияти ин ё он давлат ва натиҷаҳои хуб додани дилхоҳ иқдомро таъмин менамояд.

Дар идомаи ҷаласа тазаккур дода шуд, ки вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозанд, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти давлатамон диққати аввалиндараҷа диҳем.

Дар фарҷом ба як гурӯҳ фаъолони ҳизб сипоснома ва ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ супорида шуда, дар вазъияти тантанавӣ ба ҷавононе, ки нав ба узвияти ҳизб қабул гардиданд, шаҳодатномаҳо тақдим шуданд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ

Январь 13, 2024 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд