ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ! Дар Ҳисор ба ифтихори пирӯзии дастаи мунтахаби Тоҷикистон роҳпаймоӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 30.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор ба ифтихори пирӯзии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар рақобат бо дастаи мунтахаби Аморати Муттаҳидаи Арабӣ ва ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфтани футболбозони Тоҷикистон бо иштироки роҳбарон, кормандону фаъолон, собиқадорони варзиш, варзишгарони муваффақ, мухлисони футбол ва наврасону ҷавонон роҳпаймоии умумишаҳрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.
Иштирокдорони роҳпаймоӣ аксҳои Президенти Тоҷикистон ва шиору овезаҳои ватандӯстона дар даст бо нидои «Тоҷикистон ба пеш!» то варзишгоҳи марказии шаҳр ҳаракат намуда, самимият ва эҳтирому дӯстдориашонро ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ва дар умум ба варзиш ҳамчун қосиди сулҳ намоиш доданд.
Бояд тазаккур дод, ки 28 январи соли 2024 дар бозии 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол дастаи мунтахаби Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуда, ба даври 1/4-ниҳоӣ баромад. Бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии шаҳри Давҳа баргузор гардида, вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Дар 30 дақиқаи вақти изофӣ низ ғолиб муайян нашуд. Аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метра дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 5:3 пирӯз шуд.
2 феврал дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври 1/4-ниҳоӣ бо дастаи мунтахаби Урдун дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ дар шаҳри Давҳа бозӣ менамояд. Оғози бозӣ соати 16:30 ба вақти Душанбе мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд










CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






