«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Давоми солҳои баргузории озмун дар он беш аз 16 ҳазор довталаб иштирок намудааст

Январь 5, 2024 11:32

ДУШАНБЕ, 05.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Давоми солҳои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», яъне аз соли 2019 то 2023 дар он 16 ҳазору 259 довталабон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд, иттилоъ дод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Айдаршозода.

Тавре қаблан иттилоъ додем, 1 январ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2024 ба тасвиб расид. Маблағи мукофот барои ғолибони озмун 3 миллиону 785 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ба иттилои Диловар Айдаршозода, Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соли шашум аст, ки бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум намоянд, гузаронида мешавад.

Соли 2019 дар озмун 2959 довталаб иштирок намуд

Соли 2019 тибқи Низомнома ва нақшаи тасдиқшуда дар даври якуми озмун 2959 нафар довталаб иштирок намуда, аз ин миқдор 785 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифт. Аз ин теъдод 65 нафар ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифта, 35 нафари онҳо соҳиби ҷоиза шуданд. Маблағи умумии озмун дар соли 2019 635 ҳазор сомониро ташкил дод.

Соли 2020 озмун новобаста аз паҳншавиии COVID-19 доир шуд

Озмун тибқи нақша, 25 июли соли 2020 оғоз шуда, 3 сентябри соли 2020 дар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷамъбаст шуд. Ҳамагӣ дар даври якуми озмун дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ 2493 довталаб иштирок намуда, аз ин миқдор 713 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.

Даври дуюми озмун тибқи тартиби муқарраргардида дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (шаҳри Ҳисор, ноҳияи Рашт) бо доварии ҳайати ҳакамони ҷумҳуриявӣ муваффақона доир шуд, ки дар он 713 довталаб иштирок намуда, аз ин миқдор 146 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифт.

Мутобиқи Низомномаи озмун, барои 82 нафар ғолибон бо шумули Шоҳҷоиза мукофот муқаррар гардид. Вале бо қарори ҳайати ҳакамон аз 146 иштироккунанда 66 нафар (26 навозанда, 27 сароянда, 12 композитор, 1 шоҳҷоиза) бо ҷоизаҳо сарфароз шуда, бо пешниҳоди ҳайати ҳакамон ба 12 нафар мукофоти ҳавасмандкунӣ дода шуд.

Соли 2021 барои ғолибон 2 миллиону 540 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ҷудо гардид

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021 доир гардида, барои ғолибон 2 миллиону 540 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ҷудо гардид.

Даври якуми озмун 12 май оғоз гардида, 23 июни соли 2021 дар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд. Дар он 2991 довталаб иштирок намуда, аз ин теъдод 1317 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифт. Таҳлили ҷамъбасти даври якум нишон дод, ки иштироки довталабон дар қиёс ба соли гузашта 498 нафар зиёд будааст.

Даври дуюми озмун тибқи тартиби муқарраргардида аз 26 июл оғоз гардида, 12 августи соли 2021 дар шаҳрҳои Хоруғ, Бохтар, Хуҷанд, Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (шаҳри Ҳисор, ноҳияи Рашт) бо доварии ҳайати ҳакамони ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст шуд. Аз 1317 довталаб 314 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт. Аз ин шумора 159 нафар дар номинатсияи сарояндагӣ, 122 нафар дар навозандагӣ ва 33 нафар дар композиторӣ иштирок намуданд.

Даври ниҳоӣ аз 8 то 13 ноябри соли 2021 доир гардид. Тибқи тақсимоти синнусолӣ дар он 124 нафари аз 12 то 17-сола ва 190 нафари аз 18 то 40-сола иштирок намуданд, ки аз ин теъдод 79 нафар бо пешниҳоди ҳайати ҳакамон бо ҷоизаҳо сарфароз гардиданд.

Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2022

Соли 2022 бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибони озмун 2 миллиону 540 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда, тибқи нақша аз 10 май оғоз гардида, 14 июни соли 2022 дар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир гардид. Дар он 3374 довталаб иштирок намуда, аз ин теъдод 1323 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифт, ки иштироки онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 383 нафар зиёд мебошад.

Даври дуюми озмун тибқи тартиби тасдиқшуда аз 25 июл то 18 августи соли 2022 дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (шаҳри Ҳисор, ноҳияи Рашт) ҷамъбаст гардид. Аз 1323 довталаб, ки дар даври дуюми озмун иштирок намуданд, 316 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.

Даври ниҳоӣ аз 19 то 24 октябри соли 2022 баргузор гардид, ки дар он аз 316 довталаб 296 нафар (номинатсияи композиторӣ — 18 нафар, номинатсияи сарояндагӣ — 153 нафар, номинатсияи навозандагӣ — 125 нафар) иштирок намуда, 20 нафар бо сабабҳои мухталиф иштирок накарданд.

Тибқи тақсимоти синнусолӣ, ки дар низомнома муқаррар шудааст, дар даври сеюм довталабони аз 12 то 17-сола 145 нафар ва аз 18 то 40- сола 151 нафар иштирок намуданд. Аз ин теъдод 77 нафар (шаҳри Душанбе- 33 нафар ва 3 Шоҳҷоиза, дар маҷмуъ 36 нафар), Хатлон- 19 нафар, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- 6 нафар, Суғд 14- нафар, ноҳияи тобеи марказ- 2 нафар) бо пешниҳоди ҳайати ҳакамон бо ҷоизаҳо сарфароз гардиданд.

Тибқи муқаррароти Низомнома, омӯзгороне, ки шогирдони худро дар раддабандии синнусолии аз 12 то 17 – сола аз даври якум то даври сеюми озмун омода менамоянд ва дар даври ниҳоӣ Ҷоизаи ифтихорӣ ва ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро сазовор мешаванд, аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд. Дар ин асос 30 нафар омӯзгорон бо мукофотпулӣ сарфароз гардида, бо пешниҳоди ҳайати ҳакамон 30 довталаб бо мукофоти ҳавасмандкунӣ- 2000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Соли 2023 озмун аз рӯи панҷ номинатсия дар се давр доир шуд

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2023 доир шуда, барои ғолибони он 3 миллиону 750 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Тибқи муқаррароти низомнома, озмун аз рӯи панҷ номинатсия дар се давр баргузор гардид.

Даври якуми озмун 10 май оғоз гардида, 16 июни соли 2023 дар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷамъбаст гардид. Дар озмун 4442 довталаб иштирок намуда, аз ин теъдод 2078 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифт, ки иштироки довталабон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1068 нафар зиёд мебошад.

Даври дуюм аз 14 август оғоз гардида, 25 августи соли 2023 дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (шаҳри Ҳисор, ноҳияи Рашт) бо доварии ҳайати ҳакамони ҷумҳуриявӣ бо муваффақият ҷамъбаст гардид, ки аз 1955 довталаб 520 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифт.

Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз 25 то 30 сентябри соли 2023 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн аз рўйи номинатсияҳои композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар даври ниҳоии озмун 508 довталаб иштирок намуда, 118 нафар соҳиби ҷоиза гардиданд. Аз ҷумла, аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 10, вилояти Хатлон 22 (4 Шоҳҷоиза), вилояти Суғд 25, шаҳри Душанбе 46 (1 Шоҳҷоиза) ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 15 довталаб ғолиби озмун шуданд.

Ҳамчунин тибқи муқаррароти Низомнома, 49 омӯзгороне, ки шогирдони худро дар радабандии синнусолии аз 12 то 17 – сола аз даври якум то даври сеюми озмун омода намуданд ва бо пешниҳоди ҳайати ҳакамон 23 довталаб бо мукофотҳои пулӣ (2900 сомонӣ) қадрдонӣ шуданд.

Дар маҷмуъ, Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» давоми ин солҳо дар саросари ҷумҳурӣ дастгирӣ ёфта, ҳазорон нафар ҷавонону наврасони боистеъдодро ҷалб намуд. Он ба дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон, пайдо намудани асарҳои нави мусиқӣ, шеъру сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат ва рушди санъати миллӣ мусоидат намуд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 5, 2024 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ баргузор гардид
«СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид
Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос гардид
Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»