Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм 905 муассисаи таълимиро аз санҷиш гузаронида, камбудиҳоро ошкор намуд

Февраль 9, 2024 17:50

ДУШАНБЕ, 09.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 905 муассисаи таълимиро аз санҷиши сифати таҳсил гузаронид. Аз ҷумла, 804 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 43 муассисаи таълимии хусусӣ ва дорои мақоми ҷумҳуриявӣ (литсей, гимназия, мактабҳои президентӣ), 15 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 31 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 12 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз санҷиш гузаронида шуданд. Дар ин хусус директори агентӣ Маҳмадтоир Саидзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Дар натиҷаи гузаронидани санҷиш дар 804 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маълум гардид, ки сифати дониши хонандагон 32,9 фоиз ва сатҳи донишазхудкунӣ 78,2 фоизро ташкил намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мутаносибан 1,1 фоиз ва 2,8 фоиз баланд гардидааст.

Сифати дониш дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи фаннҳои тахассусӣ ва умумитаълимӣ 21,8% ва сатҳи донишазхудкунӣ 59,2 фоизро ташкил медиҳад. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ сатҳи донишазхудкунӣ ба 73,7 % баробар буда, дар 12 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сифати дониш 38,1% ва сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён 72,4 %-ро ташкил медиҳад.

Дар соҳа дар баробари муваффақият камбудиҳо низ ҷой доранд, ба монанди дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани заминаи моддию техникӣ, норасоии омӯзгорони соҳибтахассус, ғайриихтисос фаъолият намудани омӯзгорон, сатҳи пасти касбию худомӯзии омӯзгорон, аз меъёри муқарраргардида зиёд додани сарборӣ, ба зиммаи омӯзгорони ғайриихтисос вогузор намудани соатҳои дарсии фанни технология (таълими меҳнат), суруд ва мусиқӣ, санъати тасвирӣ, нақшакашӣ ва тарбияи ҷисмонӣ, фаъолияти донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.

Ҳамзамон тибқи санҷиши агентӣ маълум шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо сари вақт имтиёзҳои омӯзгорони ҷавонро таъмин наменамоянд, ки ин боиси паст гардидани сифати таҳсил мегардад.

Камбудии дигаре, ки ошкор гардид, дар муассисаҳо нарасидани омӯзгорон ва устоҳои таълимии истеҳсолии дорои дараҷаҳои олию якум, таъмин набудани кабинету озмоишгоҳҳои фаннӣ, устохонаҳои таълимии муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир, нарасидани китобҳои фанни тахассусӣ бо забони давлатӣ, кам китоб хондани хонандагон ва пайваст набудани синфхонаҳои компютерӣ ба хати интернет мебошад.

Сабаби дигари паст будани сифати таҳсил он аст, ки хонандагон омодагии пешазмактабӣ намебинанд. Зеро дар айни замон дар ҷумҳурӣ 24 %-и кӯдакон ба таҳсили томактабӣ фаро гирифта шуда, 76 %-и кӯдакон аз барномаҳои таълиму тарбияи томактабӣ бархӯрдор нестанд.

Инчунин дар муассисаҳои томактабӣ норасоии адабиёти таълимӣ, китобҳои кӯдакона мушоҳида шуда, маводи рушддиҳандаи тафаккури кӯдакон мушоҳида намешавад. Ҳамзамон дар самти таъминоти методию кадрӣ низ мушкилоти зиёд ҷой доранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2024 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд