Ансамбли «Наво»-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ барномаи рангини консертиро пешниҳод намуд
ДУШАНБЕ, 23.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Шукуҳу шуҳратат бодо муборак, Артиши миллӣ!»-таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба шарафи 31-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши бошукуҳи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд, дар ҳамоиш собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Ректори донишгоҳ Дилшод Раҳмон иброз намуд, ки ҷавҳари аслии Артиши миллии Тоҷикистонро ватандӯстиву садоқат, ҷавонмардиву ҷасорат, қаҳрамониву шуҷоат ва фидокориву матонат ташкил медиҳад.
«Ойинаи таърихи миллат мунъакиси ин воқеият аст, ки Артиши миллии мо дар вазъи ниҳоят мураккаби сиёсӣ бо сарварии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари сулҳҷӯю ваҳдатгаро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо итминони қавӣ ба азму иродаи мардуми ҷумҳурӣ созмон дода шуд. Бо ташкили ин сипари боэътимоди давлатдорӣ зери ливои иттиҳоду сарҷамъӣ ва дар натиҷаи фаъолияти пурсамару заҳматҳои мушкилситез мо ба комёбиҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ ноил шудем, ки арзишҳои фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик ҳоло маълуми ҷаҳониён ҳастанд»,-илова намуд ректор.
Давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон бо раҳнамоиии хирадмандонаву дастуроти созандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд. Хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ҷон нисор кардаанд, ҳамеша чун дарси ватандориву вафодорӣ ва василаи ташвиқу тарбияи наслҳо пос медоранд.
Барномаи бошукуҳи фарҳангӣ-фароғатии ансамбли «Наво»-и донишгоҳ бо фарогирии суруду таронаҳои тараннумгари сулҳу дӯстӣ табъи ҳозиринро болида гардонид.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ










Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид






